Шарҳи Паёми Пешвои миллат ва тавзеҳи тағйиру иловаҳо ба Конститутсия дар водии Рашт ва шаҳри Ваҳдат
Душанбе, 19.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Аз 16 то 21 феврали соли 2016 муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Ризо Назарзода бо мақсади расонидани мафҳум ва муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ва шарҳу тавзеҳи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ҷавонони шаҳру ноҳияҳои Тавилдара, Рашт, Нуробод, Тоҷикобод, Ҷиргатол, Роғун ва шаҳри Ваҳдат силсиласуҳбату мулоқотҳоро доир менамояд.
Ҳамзамон дар ҷараёни мулоқот дар ноҳияи Рашт ва Тоҷикобод зиёда аз 50 ҷавон барои хизмат намудан ба халқу Ватани худ қавл доданд, ки бо хоҳиши худ дар даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мепайванданд. Ин нишонаи худшиносиву ватандӯстӣ ва ҷавоб ба ғамхориҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати кишвар мебошад.
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо мақсади таъмини иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ва баланд бардоштани мавқеи устуворашон дар ҷомеа пайваста чорабиниҳо барпо мекунад.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






