Суди конститутсионӣ парвандаи конститутсиониро баррасӣ менамояд
Душанбе, 04.02.2016.(АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи конститутсиониро аз рӯи пешниҳоди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба муайян намудани мувофиқати лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ менамояд.
Бояд тазаккур дод, ки 22 январи соли равон дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон пешниҳоди аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва таъйини раъйпурсӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, барои хулоса ба Суди конститутсионии кишвар пешниҳод гардида буд.
Мавриди зикр аст, ки лоиҳаи «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо риояи талаботи моддаҳои 58 ва 99 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 9 ва 10 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади такмили меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардидааст.
Мақсади пешниҳоди лоиҳа аз мушаххас намудани меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла возеҳу равшан нишон додани шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, таҳкими масъулияти падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон, талабот нисбат ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Ҳукумат, судяҳо, тартиби тафсири Конститутсия, мушаххас намудани салоҳиятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра иборат мебошад.








Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар






