Суханронии С.Аслов дар ҷаласаи ҳармоҳаи гурӯҳи кишварҳои Амрикои Лотинӣ ва ҳавзаи Қариб
Душанбе, 26.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- 25 феврали соли 2016 дар Ню Йорк вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар ҷаласаи ҳармоҳаи гурӯҳи кишварҳои Амрикои Лотинӣ ва ҳавзаи Қариб таҳти раёсати намояндаи доимии Уругвай дар СММ ширкат ва суханронӣ намуд.
Зимни суханронӣ вазири корҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба саҳми Тоҷикистон дар татбиқи рӯзномаи ҷаҳонии рушди устувор, аз ҷумла дар самтҳои иқтисодӣ, баробарии гендерӣ, мубориза бо маводи мухаддир, рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, маориф ва ғ. ҷалб намуда, омодагии кишварро барои идомаи ҳамкорӣ бо кишварҳои манфиатдор дар соҳаҳои мазкур таъкид кард.
Дар анҷом вазири корҳои хориҷӣ аз кишварҳои Амрикои Лотинӣ ва ҳавзаи Қариб даъват ба амал овард, ки номзадии Тоҷикистонро дар Шӯрои СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (ECOSOC) барои солҳои 2017-2019 дар интихоботе, ки 14 июни 2016 дар Маҷмаи Умумии СММ баргузор мегардад, дастгирӣ намоянд.








Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






