Т. Эрдуғон: «Туркия ҳуқуқ дорад, ки террористонро дар дигар кишварҳо нобуд созад»

Февраль 22, 2016 09:35

Душанбе, 22.02.2016 (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдуғон изҳор дошт, ки Туркия ҳуқуқ дорад дар ҳудуди дигар кишварҳо зидди террористон мубориза барад.
Ба гуфтаи ӯ, чунин ҳолатҳо имконпазиранд, агар дар хориҷ воҳидҳои низомии ғайриқонунӣ таҳдид ё хатари эҳтимолӣ ба Туркия дошта бошанд.
«Туркия комилан ҳуқуқ дорад, дар Сурия ва дигар кишварҳо, ки он ҷо гурӯҳҳои террористӣ асос ёфтаанд, амалиёти зиддитеррористӣ гузаронад, зеро ин қисме аз мубориза бо таҳдидҳои ба мо рӯ ба рӯ истода аст», — гуфт Т. Эрдуғон.
Ҳамчунин, президенти Туркия афзуд: «Агар паҳлӯи ҳуқуқии ин масъаларо дида бароем, чунин амалиёти ҳарбӣ вайрон намудани соҳибихтиёрии давлатҳои дигар ба шумор намеравад».

Февраль 22, 2016 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад