Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия кафолат ба зиндагии шоиста
Душанбе, 23.02.2016. (АМИТ «Ховар»).-Вобаста ба шарҳи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, 22 феврал дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад доир гардид.
Директори агентӣ Сафаралӣ Наҷмудинов зикр намуд, ки боиси ифтихор ва хушнудист, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кафили таъмини меъёрҳои конститутсия, масъалаи таъмини кафолати ҳифзи ҳуқуқи шаҳрванд, таъмин ва рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, таъмини нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ, инчунин дастгирии иҷтимоии табақаҳои камбизоати аҳолӣ, таъмини зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистонро аз афзалиятҳои асосии сиёсати давлатӣ ҳисобида, дар ин ҷода пайваста тадбирҳо меандешад. Пешниҳод гардидани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ғамхориҳои навбатии Ҷаноби Олӣ дар самти боз ҳам беҳтар намудани сатҳи сифати зиндагии шаҳрвандон, ки аз кафолатҳои конститутсионӣ маншаъ мегирад, ба ҳисоб меравад.
Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия, пеш аз ҳама, ба мустаҳкам намудани асосҳои сохтори конститутсионӣ, тақвияти кафолати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими мақоми конститутсионии шаҳрвандӣ, ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, ҷалби фаъолонаи шаҳрвандон, хусусан ҷавонон ба ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ равона гардидааст.
Қобили зикр аст, ки тағйиру иловаҳо ҳамчунин масъулияти падару модарро барои таълиму тарбияи фарзанд ва масъулияти фарзандони болиғу қобили меҳнатро барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар баланд мебардорад, ки мақсад аз ин фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ва инкишофи озодона ба ҳар як инсон, бахусус нафақагирон ва дигар табақаҳои осебпазири ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






