Таъйини ҷарима ба Остон Азизов барои риоя накардани Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Душанбе, 23.02.2016 (АМИТ «Ховар»).-Суди ноҳияи И.Сомонӣ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба Азизов Остонақул Достонович, соли таваллудаш 1982, зодаи шаҳри Душанбе, сароянда, оиладор, соҳиби 5 фарзанд, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кўчаи К.Маркс, хонаи 1 дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо баррасӣ намуда, муайян намуд, ки 16 августи соли 2015, тахминан соати 19:00 ҳангоми санҷидани истироҳатгоҳи «Жасмин», воқеъ дар ноҳияи Варзоб аз ҷониби гурўҳи кории ҳайти кормандони Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Кумитаи оид ба дин ва корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номбурда дар тўйи хонадоршавии бародари шаҳрванд Ҳакимов Б. бар хилофи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 08.06.2007 сол «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» амал намуда, бе бастани шартнома бо соҳиби тўй хизмат расонида, ҳунарнамоӣ намудааст.
Дар мурофиаи судӣ ҳуқуқвайронкунанда Остонақул Азизов худашро дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гунаҳгор наҳисобида, нишон дод, ки 16 августи соли 2015 ҳангоми бозгашт аз ноҳияи Айнии вилояти Суғд ба ў як шиносаш бо номи Ҷамшед тавассути телфони мобилӣ занг зада, хоҳиш намудааст, ки ба тарабхонаи «Жасмин» даромада, ҳамчун туҳфа як-ду суруд хонад, ки ў ба ин розӣ шудааст. Ў ба тўйхона омадааст, ки дар он ҷо ҳофизон хеле зиёд буданд ва ҳамагӣ як-ду суруд ройгон хондааст. Бо сабаби он, ки хизмати ў ройгон буд ва ҳофизи асосӣ набуд, ў бо соҳиби тўй шартномаи хизматрасонӣ набастааст. Ҳоло ў дар ягон ҷой кор накарда, ягон манбаи даромад надошта, дар таъминоташ панҷ фарзанди ноболиғ доштааст. Аз суд хоҳиш намуд, ки нисбат ба ў ҷазои сабук таъйин шавад.
Гарчанде, ки ҳуқуқвайронкунанда Азизов О.Д. худашро дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гунаҳгор ҳисоб накунад ҳам, гуноҳи ў бо далелҳои дар парванда мавҷудбуда, аз ҷумла санад, протоколи ҳуқуквайронкунии маъмурӣ аз 19.08.2015 сол баёноти шоҳидон Шералӣ Исмоилов, Сайдобид Хоркашов, Муҳаммадӣ Саидов ва Бахтиёр Ҳакимов, ки дар баёноташон онҳо қайд кардаанд, ки дар тўйи мазкур сароянда Азизов Остонақул хизмат менамуд, тасдиқи худро меёбад.
Суд зимни мурофиаи судӣ далелҳои ҷамъовардашударо таҳқиқу таҳлил намуда, ҳисоб мекунад, ки гуноҳи Азизов Остонақул Достонович дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пурра исботи худро ёфт, аз ин рў, дар асоси гуфтаҳои боло кирдори ўро бо моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои риоя накардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим банду баст менамояд.
Суд бо дастрасии моддаҳои 140-142, 148-150 КМҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор кард, ки Азизов Остонақул Достонович бо моддаи 481 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шавад ва ба ў бо ҳамин модда ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 100 (сад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 4000 (чор ҳазор) сомонӣ ба фоидаи давлат таъйин карда шавад.