Тасдиқи нақшаи тақвими чорабиниҳои марбут ба раъйпурсӣ аз сӯи аъзои КМИР

Февраль 15, 2016 15:53

Душанбе, 15.02.2016.(АМИТ «Ховар»).- Нақшаи тақвими чорабиниҳои асосии марбут ба омодагӣ ва гузаронидани раъйпурсии умумихалқӣ оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро 15 феврал аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон (КМИР) тасдиқ намуданд. Дар ҷаласаи КМИР, ки таҳти раёсати Бахтиёр Худоёрзода -раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии кишвар доир гардид, таъкид шуд, ки тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи кишвар барои рушди ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва равандҳои рушди демократикунонии ҷомеа, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва кафолати риояи ҳифзи онҳо мусоидат менамоянд.
Ҳамин тариқ, бо мақсади иҷрои моддаи 17-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳудуди кишварамон барои дар сатҳи баланди ташкилӣ ва сиёсӣ гузаронидани раъйпурсии умумихалқӣ, ки 22 май таъйин гардидааст, 68 ҳавзаи райъпурсӣ созмон дода мешавад.
Ҳамзамон дар ҷаласа номгӯи ҳуҷҷатҳое, ки дар давраи баргузории раъйпурсии умумихалқӣ аз ҷониби комиссияҳои раъйпурсӣ истифода мегарданд, муайян шуданд.
Инчунин бо мақсади инъикоси ҳамаҷонибаи ҷараёни омодагӣ ва баргузории чорабинии муҳими сиёсӣ -раъйпурсии умумихалқӣ Маркази иттилоотии КМИР ва оид ба ҳалли саривақтии арзу шикоятҳо гурӯҳи кории дахлдори КМИР таъсис дода шуданд.

Февраль 15, 2016 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд
Оид ба стратегияи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея машғулияти академӣ доир шуд
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ» баррасӣ гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода мешаванд
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд