Тавзеҳи лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсия дар шаҳру навоҳии Суғд
Душанбе, 18.02.2015. (АМИТ «Ховар»).-Бо мақсади таблиғу ташвиқи ҳадафҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тавзеҳи лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд аз ҷониби гурӯҳи тарғиботӣ аз ҳисоби олимону коршиносон ва масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд вохӯриҳо идома доранд.
Чунин вохӯриҳо дар шаҳрҳои Қайроққум, Чкалов, ноҳияҳои Ашт ва Айнӣ бо фарогирии вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳриву ноҳиявӣ, кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, аз қабили омӯзгорон, табибон, фаъолони маҳал, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, собиқадорони меҳнат ва дигар қишрҳои ҷомеа баргузор гардид.
Аъзои гурӯҳи тарғиботӣ роҷеъ ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зарурати тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронда, зикр карданд, ки мувофиқи пешниҳодот зиёда аз 40 тағйиру илова ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида, қарор аст, ки 22 майи соли равон раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардад.
Ёдовар мешавем, ки баргузории чунин силсиламулоқот бо ҷалби дигар қишрҳои ҷомеа дар вилоят бо маром ҷараён дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






