Тоҷикони шаҳри Твери Федератсияи Русия мактаб месозанд
Душанбе, 17.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Тибқи иттилои Худоназар Нурҳаётов, мудири шуъбаи маориф ва илми ноҳияи Рӯшон тоҷикони шаҳри Твери Федератсияи Русия мактаби нави замонавиро дар ҷойи мактаби бар асари заминларза валангоршудаи № 35 иборат аз 5 синфхона бо маблағи 420 ҳазор сомонӣ сохта, онро бо таҷҳизоти нави замонавӣ таъмин хоҳанд намуд.
Бо ин мақсад қарори раиси ноҳияи Рӯшон «Дар бораи таҷдиди бинои таълимии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35-и деҳаи Рухчи ҷамоати Савноб ба тасвиб расида, аз ҷониби шуъбаи маориф ва илми ноҳия ҳуҷҷатҳои лозимӣ барои сохтмони мактаб омода шуда, ба раёсати сохтмони асосии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардидаанд. Бо фарорасии фасли баҳор сохтмони мактаб оғоз шуда, бо саршавии соли нави таҳсили 2016 хонандагони мактаби деҳаи Рухч дар муассисаи наву барҳаво таҳсилашонро идома хоҳанд дод.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






