Қурғонтеппа: Намоиш — озмуни «Беҳтарин осорхонаҳои шарафи ҷангию меҳнатӣ»
Душанбе, 10.02.2016. (АМИТ «Ховар»).-Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Қурғонтеппа бо мақсади беҳтар намудани тарбияи ҳарбӣ — ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ахлоқию маънавии ҷавонон ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 71 — солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ намоиш — озмуни «Беҳтарин осорхонаҳои (гӯшаҳои) шарафи ҷангию меҳнатӣ»-ро дар коллеҷҳо, литсейи касбӣ — техникӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Қурғонтеппа мегузаронад. Шартҳои намоиш — озмун аз масъалаҳои зерин иборат аст: вобаста будани шахси масъул дар осорхона (гӯша), доштани нақшаи корӣ, реҷаи гузаронидани вохӯриҳо ва дигар чорабиниҳо, бо тартиб ва мақсаднок будани маводи ба тамошо гузошташуда (стендҳо, овезаҳо, фотоалбомҳо ва ғайра), намоиши ҳуҷҷатҳо, расмҳо, ордену медалҳо, ифтихорномаҳо ва дигар мукофоти собиқадорони ҷангу меҳнат, ҳуҷҷатҳои таърихӣ, чопи мавод дар матбуоти даврӣ оид ба корнамоиҳои иштирокдорони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, саҳми осорхона (гӯша) дар тарбияи ҷавонон оид ба хизмат ба Ватан, тарбияи ватанпарастӣ, ахлоқию маънавии насли наврас ва ҷавонон, фаъолияти шахси мутасаддӣ барои беҳбуди кори осорхона (гӯша) ва мавҷудияти китоби қайди чорабиниҳои тарбиявӣ, суҳбату вохӯриҳои гузаронидашуда.
Аз ҷониби комиссияи корӣ то 16-уми апрели соли 2016 дар ҳамаи муассисаҳои таълимие, ки дар озмун иштирок менамоянд, санҷиш гузаронида, натиҷаи он дар Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр баррасӣ ва ҷамъбаст мешавад. Ғолибони озмун бо ифтихорномаҳои Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонида мешаванд.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






