“Вахш” ва “Саройкамар” дар финал
Душанбе, 25.02.2016 (АМИТ «Ховар»). Дирӯз дар минтақаи Хатлон бозиҳои нимниҳоӣ бо ширкати дастаҳои Саройкамар”бо “Коммуна” ва “Вахш” бо “Кӯлоб” барои роҳхат ба бозиҳои ниҳоии Ҷоми ФФТ доир шуданд. Дар вохӯрии “Саройкамар” бо “Коммуна” дар вақти асосӣ ва иловагӣ ҳисоб боз нашуд ва баъди силсилаи зарбаҳои баъдибозӣ бо ҳисоби 4 бар 2 “Саройкамар” ғолиб омад.
Дар бозии дигари рӯз “Вахш” бо натиҷаи минималии 1 бар 0 пирӯз шуд. Ягона голро бозингари дастаи мунтахаби Тоҷикистон Аҳтам Ҳамроқулов, ки алҳол дар ҳайати ин даста бозӣ дорад, ба нишон расонд.
Акнун дар бозӣ барои мақоми аввал рӯзи 26 феврал дар варзишгоҳи Данғара “Вахш” бо “Саройкамар” бо ҳам рақобат мекунанд. Дастае, ки дар он ғолиб меояд, дар бозиҳои ниҳоӣ дар шаҳри Душанбе ба гурӯҳи “А” ва дуюмӣ ба гурӯҳи “Б” шомил хоҳанд шуд.
Бозиҳои ниҳоӣ барои Ҷоми ФФТ дар шаҳри Душанбе аз 1 март шурӯъ мешаванд.








Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт






