Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
ДУШАНБЕ, 10.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати Parimatch Tajikistan ва яке аз маъруфтарин дастаҳои футболи кишвар —«Истаравшан» расман аз оғози ҳамкории муштарак хабар доданд. Тибқи созишномаи баимзорасида, Parimatch шарики расмии даста мегардад. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Марҳилаи нави ҳамкорӣ ба рушди футбол дар вилояти Суғд ва ҳамчунин ба густариши маъруфияти варзиш дар байни мухлисон равона шудааст. Ҷонибҳо ният доранд як қатор ташаббусҳои бузурги маркетингиро амалӣ намоянд. Аз ҷумла, баргузор намудани аксияҳои муштарак, чорабиниҳои интерактивӣ дар варзишгоҳи хонагии даста — «Истаравшан-Арена», инчунин таҳияи муҳтавои махсус барои яке аз бузургтарин ва вафодортарин ҷомеаҳои мухлисони футбол дар кишвар дар назар аст.
Дастаи футболи «Истаравшан» дастае аст, ки таърихи бой ва дастгирии пурқуввати мухлисон дорад. Даста шаҳри қадимаи Истаравшанро намояндагӣ карда, бо руҳияи муборизона ва услуби ҷолиби ҳамлагаронаи бозӣ шинохта шудааст. Дар мавсими нав даста ҳадаф дорад мавқеи худро дар байни пешсафон мустаҳкам намуда, ба мухлисон бозии тамошобоб пешкаш кунад.
Намояндаи дастаи футболи «Истаравшан» оғози ҳамкорӣ ва омодагии дастаро чунин шарҳ дод, ки «Мо ба мавсими нав бо хоҳиши бузурги пирӯзӣ ворид мешавем. Даста давраи ҷамъомадҳои тамриниро хеле хуб гузаронд: пояи мустаҳками омодагии ҷисмонӣ гузошта шуд ва схемаҳои тактикӣ муфассал кор карда шуданд. Бозингарон пур аз неру ҳастанд ва омодаанд барои мухлисони худ тамоми қувваашонро дар майдон гузоранд. Хушҳолем, ки дар чунин лаҳзаи муҳим моро бренди пуриқтидор ва муосире мисли Parimatch дастгирӣ мекунад. Бовар дорам, ки ҳамкории мо ба даста неруи тоза мебахшад ва якҷо ба шаҳри худ пирӯзиҳои зебои зиёде тақдим мекунем».
Инчунин намояндаи Parimatch Tajikistan низ аҳамияти ин созишномаро таъкид карда, илова намуд, ки «Барои мо боиси ифтихори бузург аст шарики клубе мешавем, ки дорои таърихи ғанӣ ва дастгирии воқеан таъсирбахши мухлисон дар варзишгоҳи 20-ҳазорнафара мебошад. «Истаравшан» ҳамеша бо дилу ҷон ва фидокорӣ бозӣ мекунад ва ин руҳия пурра ба арзишҳои бренди мо мувофиқ аст. Мо барои мухлисон фаъолияти ҷолиб ва нав омода кардаем ва омодаем якҷоя футболи тоҷикро ба сатҳи нав барорем».
Дар бораи Parimatch Tajikistan
Parimatch яке аз брендҳои пешсафи байналмилалии букмекерӣ мебошад, ки рушди варзишро ҳам дар сатҳи маҳаллӣ ва ҳам дар миқёси ҷаҳонӣ фаъолона дастгирӣ мекунад. Дар Тоҷикистон ширкат шарики боэътимоди бисёр ташкилот ва клубҳои варзишӣ буда, мунтазам ташаббускори лоиҳаҳо барои тарғиби варзиш дар кишвар мебошад.
Дар бораи дастаи футболи «Истаравшан»
Дастаи футболи «Истаравшан» яке аз дастаҳои машҳур ва дорои анъанаҳои бойи футболи Тоҷикистон ба шумор меравад. Даста бозиҳои хонагии худро дар варзишгоҳи «Истаравшан-Арена» бо ғунҷоиши 20 000 тамошобин баргузор мекунад ва дорои яке аз калонтарин ва содиқтарин ҷомеаҳои мухлисони футбол дар кишвар мебошад. Даста бо фазои хоси футболиаш машҳур буда, дар рушди варзиш дар минтақа саҳми назаррас мегузорад.
АКС: Parimatch Tajikistan










Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд






