Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
ДУШАНБЕ, 11.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари ҷавони тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия баргузор гардид, бо ҳунару маҳорати баланд ҳунарнамоӣ намуда, бар ҳарифонаш ғолиб омад ва соҳиби медали тилло гардид. Дар ин хусус муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтолиб Шокирзода ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар дод.
Мусобиқаи мазкур бо иштироки варзишгарон аз давлатҳои гуногун доир шуд. Махсатулло Муъминов бо нишон додани маҳорати олӣ, иродаи қавӣ ва омодагии хуби варзишӣ бар рақибонаш пирӯз гардида, ҷойи аввалро сазовор гардид.
Ин дастоварди варзишгари ҷавон нишонаи рушду пешрафти соҳаи варзиш ва заҳмати мураббиён мебошад. Пирӯзии Махсатулло Муъминов боиси сарфарозии дӯстдорони варзиш ва парафшонии Парчами давлатии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ гардид.
АКС аз манбаъҳои боз








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






