Вакилон ба Кодекси ҷиноятӣ тағйиру иловаҳо ворид менамоянд
Душанбе, 08.02.2016.(АМИТ «Ховар»).-Парлумони Тоҷикистон ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид менамояд. Ҳадафи он ҷилавгирӣ ва коҳиш додани ҳуқуқвайронкуниҳо дар бахши муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ, зиёд намудани андозаи ҷарима ва муҳлати маҳрум сохтан аз озодӣ, инчунин мусодираи асъори хориҷии ба таври ғайриқонунӣ истифодашуда мебошад. Масъалаи мазкур 8 феврал дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии Парлумони кишвар, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров -раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар доир гардид, баррасӣ шуд.
Дар ҷаласа ҳамзамон лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ», дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумрук, Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад






