«Ватанро посбонем» — чорабинӣ дар КМТ
Душанбе, 20.02.2016. (АМИТ «Ховар»).- Бахшида ба рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон (КМТ) зери унвони «Ватанро посбонем» мулоқоти афсарон ва сарбозон бо ҷавонон доир гардид.
Тавре ки аз КМТ хабар доданд, директори китобхона Сайфиддин Назарзода зимни табрики сарбозону афсарон бо рӯзи Артиши миллӣ, артишро рукни муҳими Истиқлолияти давлатӣ номид ва гуфт, ки ҳифзи Ватан ва музаффариятҳои истиқлолият ба зиммаи сарбозони шуҷоъ аст. С.Назарзода иброз дошт, дар чунин замоне, ки оламро хатарҳои гуногуни амниятӣ таҳдид мекунанд, Тоҷикистон чун ҷузъе аз ин олами ноором аз ин гуна таҳдидҳо эмин нест. Аз ин рӯ ба ҳар сокини кишвар ва бахусус, ба сарбозон ва афсарони артиш ва дигар сохторҳои қудратӣ зарур аст барои дифоъ аз тамомияти арзии кишвар ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд. Вай ҳимояи Ватанро қарзи шаҳрвандии ҳар сокини он дониста, ҷавононро ба омӯзиши илм ва хондани китоб даъват кард.
Полковники Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исуфалихон Шарипов оид ба ҳаёту фаъолияти сарбозон сухан карда, дар муроҷиат ба сарбозони ҷавон ва ҳамаи ширкаткунандагон гуфт, ки бештар тамрин намоянд, донишҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва низомии худро баланд бардоранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






