Вазир: «Илова ба қонуни ВАО барои озодии сухан монеа эҷод намекунад»
Душанбе, 03.02.2016.(АМИТ «Ховар»).-«Ворид намудани иловаҳо ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» барои озодии сухан дар кишвар ягон монеа эҷод намекунад»,- гуфт дар ҷамъи хабарнигорон Орумбекзода Шамсиддин -вазири фарҳанги ҷумҳурӣ. Вазир афзуд, ки ҳадафи ворид намудани иловаҳо ба ин қонун беҳтар намудани назорат дар самти фаъолияти воситаҳои ахбори омма, таъмину таҳкими амнияти иттилоотии кишвар ва мутобиқ намудани он ба дигар қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ мебошад.
Лоиҳаи қонуни мазкур, ки имрӯз дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон баррасӣ шуд, қабул нагардид ва барои такмил фиристонида шуд.








ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Масъалаи зиёд намудани сармоягузорӣ ба татбиқи Неругоҳи барқи обии «Роғун» баррасӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави якчанд давлат эътимоднома қабул намуданд
ЭЪЛОН! Бақайдгирии намояндагони воситаҳои ахбори омма барои инъикоси Конфронси сеюми оби Душанбе оғоз шуд
Нахустин ҷаласаи кории ҳайати комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» дар соли 2024 баргузор гардид






