Роҳҳои муассири мубориза бо чангу ғубор кадомҳоянд?
ДУШАНБЕ, 15.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 15 то 18 апрел дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд. Ба андешаи олимони тоҷик, яке аз роҳҳои муассири мубориза бо чангу ғубор зиёд намудани дарахтони паҳнбарг, ҳамешасабз, буттазор ва ҷангалзор мебошад. Ҳамин аст, ки дар Тоҷикистон «Барномаи рушди парвариши павловния дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024–2028» татбиқ мегардад.
Парвариши 25 ҳазор ниҳоли павловния
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, бо мақсади пешгирии оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва ба амал омадани чангу ғубор дар мамлакат «Барномаи рушди парвариши павловния дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024–2028» татбиқ мегардад. Дар доираи ин барнома дар ниҳолхонаи Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқоти хоҷагии ҷангал»-и Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақрибан 25 ҳазор ниҳоли павловния парвариш мешавад.

Дарахтони паҳнбарг — тозакунандаи чангу ғубор
Ба андешаи олимони тоҷик, яке аз роҳҳои муассири мубориза бо чангу ғубор зиёд намудани дарахтони паҳнбарг, ҳамешасабз, буттазор ва ҷангалзор мебошад. Дарахтони паҳнбарг, ки умрашон дароз ва қадашон баланд аст, ба мисли павлония, тӯс, сӯзанбаргҳо, ҷалғӯза, чинор, беду сафедор, булут чангу ғуборро бештар ба худашон мегиранд. Аз ин рӯ онҳо бояд дар тамоми минтақаҳои мамлакат шинонида шаванд. Инчунин майдони боғу токзорро мебояд васеъ намуд.
Дар ҳоле ки сол то сол дар ҷумҳурӣ миқдори хокбориш зиёд мешавад, бо бунёди боғҳои павловния метавон ҳавои шаҳрҳоро тозаю беғубор нигоҳ дошт. Ниҳоли дарахти павловния зудрушдёбанда буда, соле то 3-5 метр қад мекашад.
Афзоиши тези павлония – боигарии инсоният
Павловния хусусияти ултроафзоишӣ дошта, давоми 7-8 сол ҳаҷми афзоиши он ба 1 метри кубӣ мерасад, ки бо дигар намуди дарахтон муқоисанашаванда аст. Дарахти павловния бо афзоиши тези худ боигарии инсоният мебошад. Хокро солим ва аз эрозия барқарор намуда, ба кам шудани газҳои гулхонаӣ ва тозагии ҳавои атмосфера мусоидат менамояд. Як дарахти он метавонад 22 кг гази карбонро фурӯ бурда, 6 кг оксиген хориҷ намояд. Майдони 10 гектар павловниязор метавонад дар як сол то 275 тонна гази карбонат (CO2)-ро аз худ намуда, то 330 тонна гази оксиген хориҷ намояд, инчунин метавонад то 1000 тонна хокро аз шусташавӣ нигоҳ дорад ва то 25 ҳазор метри мураббаъ обро тоза намояд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Конститутсияи Тоҷикистон меъёрҳои рафтор, ҳуқуқу уҳдадориҳо ва масъулияти шаҳрвандиро муқаррар менамояд
Конститутсияи Тоҷикистон барои ҳифзи табиат ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ заминаи ҳуқуқӣ ва бунёдӣ фароҳам овард
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Исломиддин Раҳмон: «Омӯзиши Конститутсия ба баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ мусоидат менамояд»
Дилором Абдураҳимзода: «Занон дар таҳкими ҳокимияти судӣ ва таъмини адолати судӣ саҳми арзанда мегузоранд»
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Қабули Конститутсия марҳалаи муҳимми рушди давлатдории муосири тоҷикон аст
Конститутсия барои ташаккули ҷомеаи ҳуқуқбунёд заминаи асосӣ мебошад
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд






