Рустами Эмомалӣ: «Бо ташаббуси Пешвои миллат таҳқиқ ва омӯзиши тамаддуни ориёӣ ба сатҳи нави илмӣ бароварда шуд»

Апрель 16, 2026 14:20

ДУШАНБЕ, 16.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ бо таъриху фарҳанги ғанӣ ва тамаддуни куҳанбунёди худ шинохта шудааст. Хотироти таърихӣ ва фарҳанги асили аҷдодӣ давоми асрҳо имкон дод, ки тоҷикон, сарфи назар аз таҳаввулоти пурпечутоби сиёсиву иҷтимоӣ ва таъсири қудратҳои берунӣ асолат ва ҳастии миллии худро ҳифз намоянд.

Тамаддуну фарҳанги ғанӣ ва арзишҳои башардӯстонаи ниёгон ҳамчун сипари маънавӣ миллати моро ҳифз намуда, заминаи ҳамзистии осоишта ва ҳамкории судманд бо дигар халқҳои ҷаҳонро фароҳам овардааст.

Таъриху тамаддуни аҷдоди тоҷикон то имрӯз таваҷҷуҳи олимону муҳаққиқони зиёди ҷаҳонро ҷалб намудааст, зеро натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ нишон медиҳанд, ки аҷдодони мо дар саргаҳи ташаккули тамаддун қарор дошта, бо қудрати зеҳнӣ ва фарҳанги баланд дар рушди арзишҳои инсонпарварӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҳамзистии осоишта саҳми арзишманд гузоштаанд.

Яке аз муҳимтарин падидаҳои таърихӣ дар ин раванд тамаддуни ориёӣ ба ҳисоб меравад. Аҷдодони мо бунёдгузори яке аз қадимтарин ва нахустин тамаддунҳо дар таърихи башар мебошанд, ки дар меҳвари он арзишҳои инсондӯстӣ, адолат, эҳтироми ҳуқуқи инсон ва расидан ба зиндагии шоиста қарор доранд. Ин тамаддун ба фарҳанг ва тамаддунҳои ҳамҷавор таъсири амиқ расонда, дар рушди минбаъдаи тамаддуни башарӣ заминаи устувор гузоштааст.

Дар шароити ҷаҳонишавии муосир омӯзиш ва эҳёи мероси таърихию фарҳангии ниёгон аҳамияти махсус пайдо мекунад. Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки танҳо миллате метавонад истиқлол ва манфиатҳои миллияшро ҳифз намояд, ки бо таърихи аҷдодӣ пайванди устувор дошта, арзишҳои миллию фарҳангиро пос дорад.

Аз ин рӯ, омӯзиши таърих ва тамаддуни гузашта барои таҳкими худшиносии миллӣ, тарбияи насли ҷавон ва рушди устувори ҷомеа аҳамияти калидӣ дорад.

Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик имконият фароҳам овард, ки таърих ва тамаддуни худро бо назари нав омӯзад ва ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намояд.

Дар ин раванд нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз рӯзҳои нахустини фаъолият ба ҳайси Роҳбари давлат бо пешбурди сиёсати дурандешона дар баробари ҳалли масъалаҳои муҳими сиёсиву иҷтимоии кишвар ба эҳё ва муаррифии таъриху фарҳанги тоҷикон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд, барҷаста аст.

Сарвари давлат зимни таҳлилу баррасии омилҳо ва пайомадҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба хулоса омаданд, ки яке аз сабабҳои муҳими сар задани он дур гардидани ҷомеа аз асолат ва арзишҳои таърихию миллии хеш будааст.

Аз ин рӯ, бо ташаббуси Пешвои миллат таҳқиқ ва омӯзиши тамаддуни ориёӣ ба сатҳи нави илмӣ бароварда шуд.

Асарҳои бунёдии Сарвари давлат, аз ҷумла «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён», «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», «Забони миллат – ҳастии миллат» ва «Чеҳраҳои мондагор» дар таҳқиқи таърихи халқи тоҷик саҳми арзишманд доранд. Дар ин асарҳо консепсияи нави омӯзиши таърихи миллат пешниҳод гардида, зарурати ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва омӯзиши амиқи сарчашмаҳои таърихӣ таъкид мегардад.

Бо ташаббуси Пешвои миллат ҳамчунин якчанд чорабиниҳои муҳими фарҳангиву таърихӣ амалӣ гардиданд, ки ба эҳёи арзишҳои тамаддуни ориёӣ мусоидат намуданд.

Аз ҷумла, эълон шудани соли 2006 ҳамчун Соли тамаддуни ориёӣ, эҳёи ҷашнҳои бостонии Сада, Меҳргон ва Тиргон, таҷлили 5500-солагии шаҳри бостонии Саразм ва ворид шудани он ба феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО, 2700-солагии Кӯлоб, 3000-солагии Ҳисор, бузургдошти 1310-солагии Абуҳанифа Имоми Аъзам аз ҷумлаи иқдоми муҳим дар роҳи муаррифии шоистаи таъриху фарҳанги тоҷикон мебошанд.

Бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2006 Соли тамаддуни ориёӣ эълон гардида, ин иқдом бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил шуд ва ба муаррифии симои таърихӣ ва нақши тоҷикон ҳамчун ягона меросбари тамаддуни ориёӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат намуд.

Ҳамчунин бо ташаббуси Роҳбари давлат осори гаронбаҳои таърихӣ ба ҷомеа дастрастар гардид. Нашри миллионҳо нусха китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ ва тақдими онҳо ба аҳолӣ иқдоми муҳими фарҳангӣ ба шумор меравад. Итминони комил дорем, ки ин асарҳо ҳамчун сарчашмаҳои муҳими худшиносии миллӣ насли имрӯзро ба омӯзиши таърих, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва сабақгирӣ аз корномаҳои ниёгон роҳнамоӣ менамоянд.

Солҳои охир ҳамкории байналмилалӣ дар самти ҳифз ва муаррифии мероси фарҳангии тоҷикон низ густариш ёфтааст. Даҳҳо ёдгории моддӣ ва маънавии халқи тоҷик ба феҳристи мероси фарҳангии ЮНЕСКО ворид гардида, эътирофи ҷаҳонии тамаддуни тоҷиконро тақвият бахшиданд.

Аз ҷумла, ворид гардидани 11 ёдгории фарҳангии Хутали қадим ба феҳристи мероси ҷаҳонӣ, ҳамчунин аз ҷониби ин созмони бонуфуз эътироф шудани шаҳри Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» ва таҷлили бузургдошти 1050-солагии Робиаи Балхӣ далели ҷойгоҳи хоссаи меросу арзишҳои фарҳангиву маънавии тоҷикон дар тамаддуни умумибашарӣ аст.

Татбиқи иқдоми илмӣ ва фарҳангии марбут ба мероси ориёӣ, аз ҷумла баргузории ҳамоишҳо оид ба «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ» (аввалин Эъломияи ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният) низ аҳамияти хосса дорад. Ин санади таърихӣ яке аз нахустин эъломияҳои ҳуқуқи башар ба шумор рафта, арзишҳои баробарӣ, адолат ва таҳаммулпазириро тарғиб менамояд ва бозгӯйи он аст, ки ниёгони мо ҳанӯз дар аҳди бостон ба арзишҳои инсондӯстона ва ҳуқуқи инсон аҳамияти калон медоданд.

Ҳоло тибқи дастури Сарвари давлат барои ворид намудани номи Борбади Марвазӣ ба Феҳристи шахсиятҳои барҷастаи фарҳангии ЮНЕСКО корҳои мушаххас идома дошта, барои муаррифии саҳми таърихии ин чеҳраи барҷастаи фарҳанги тоҷик дар рушди мусиқии ҷаҳонӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Дар идомаи пешбурди сиёсати фарҳангдӯстона Президенти Тоҷикистон дар  Паём ба Маҷлиси Олӣ (16 декабри соли 2025) ташаббуси бунёди Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Душанбе пешниҳод намуданд. Ин иқдоми навбатии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон муҳиму дурбинона ва амри зарурӣ дар роҳи эҳёи мероси таърихӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ мебошад.

Ин муассисаҳо ҳамчун марказҳои муосири таърихӣ барои муаррифии тамаддуни ориёӣ, омӯзиши таърихи беш аз шашҳазорсолаи халқи тоҷик ва ҷалби муҳаққиқону сайёҳон аҳамияти бузург доранд. Дар онҳо таърихи ташаккул ва рушди фарҳанг, давлатдорӣ, дин, забон ва санъати мардумони ориёӣ бо истифода аз технологияҳои муосир инъикос хоҳад ёфт.

Бунёди чунин марказҳо на танҳо барои имрӯз, балки барои наслҳои оянда низ аҳамияти бузург доранд. Онҳо имкон медиҳанд, ки мероси таърихӣ ва фарҳангии миллат ҳифз гардида, ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ шавад.

Ҳамзамон чунин иқдом таваҷҷуҳи муҳаққиқони байналмилалӣ, дӯстдорони таъриху фарҳанги бостонӣ ва сайёҳонро ба пойтахти кишвар ҷалб карда, шаҳри Душанберо ба маскани ҷолиби илмиву сайёҳӣ табдил медиҳад.

Дар маҷмуъ, эҳёи тамаддуни ориёӣ ва омӯзиши амиқи таърихи миллӣ барои таҳкими худшиносии миллӣ, рушди фарҳанг ва пойдории давлатдории тоҷикон аҳамияти бузург дорад.

Ҳифзи ин мероси гаронбаҳо ва муаррифии он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ вазифаи муҳими наслҳои имрӯз ва фардои миллат ба шумор меравад. Мо танҳо бо эҳтирому арҷгузории арзанда ба таърих ва пос доштани арзишҳои фарҳангии ниёгон метавонем ояндаи устувор ва пурифтихорро барои давлати маҳбубу ягонаамон–Тоҷикистон таъмин намоем.

Рустами ЭМОМАЛӢ,
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Раиси шаҳри Душанбе

Бознашр аз рӯзномаи «Ҷумҳурият»,  15.04.2026,  №: 69

Апрель 16, 2026 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои ба одати доимӣ табдил ёфтани машқи пагоҳирӯзӣ чӣ бояд кард?
Бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши аксҳои Душанбе оғоз ёфт
Роҳҳои муассири мубориза бо чангу ғубор кадомҳоянд?
ИМРӮЗ — ЗОДРӮЗИ САДРИДДИН АЙНӢ. Осори Устод Айнӣ ҳамчун сарчашмаи муҳими илмӣ ва фарҳангӣ истифода мешавад
Чангу ғубор сабаби авҷи кадом бемориҳо мегардад?
ПОЙТАХТ – ОИНАИ ДАВЛАТДОРӢ. Ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе бахшида мешавад
АЙНИШИНОСЕ ПУРТАЛОШ АЗ КИШВАРИ ҲАМЗАБОН. Эҳдо ба зодрӯзи сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ
Чаро дар чарогоҳҳо ва заминҳои лалмии Тоҷикистон ҳашароти зараррасон бештар гардидааст?
РӮЗИ ИЛМ. Маҳз тавассути илму дониш инсон метавонад ба қуллаҳои нави камолоту муваффақият ноил гардад
СИМПОЗИУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ХУТАЛИ ҚАДИМ. Он таърих ва фарҳанги бостонии халқи тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ОФТОБИ МУҲАББАТИ МИЛЛАТ ВА БУНЁДГУЗОРИ НЕРУГОҲИ «РОҒУН»
Кишти зериплёнкавии пунбадона аз усулҳои муосири агротехникӣ ба ҳисоб меравад