Вазири Бритониё Десмонд Свейн сафари худро ба анҷом расонид
Душанбе, 17.02.2016. (АМИТ «Ховар»). -Аз 15 то 17-уми феврали соли равон вазири давлатии Британия Кабир оид ба рушди байналмиллалӣ Десмонд Свейн аз Тоҷикистон боздид ба амал овард.
Десмонд Свейн тӯли сафари дурӯза бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, вазири рушди иқтисод ва савдо Ҳикматулло Неъматзода мулоқот намуда, ҳамроҳ бо вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода аз НБО-и Норак дидан кард. Ҳамчунин бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ ва шарикони рушд, ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд, вохӯрӣ намуд.
Дар анҷоми сафари худ Десмонд Свейн иброз намуд, ки Британияи Кабир дар дастгирии рушди устувор, пешрафт ва идораи хуби давлатии Тоҷикистон паймон дорад ва дар марҳалаи анҷом додани нақшаҳои барномаҳои оянда дар соҳаҳои идораи давлатӣ ва рушди фарогири иқтисодӣ қарор дорад. Ин нуктаҳо барои Тоҷикистон дар роҳи расидан ба ҳадафҳои рушди иқтисодӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ муҳиманд.
Ӯ ҳамчунин изҳор кард, ки: «Мамнунам аз имконияти мулоқот доштан бо намояндагони расмии давлатӣ, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ва суҳбатҳое, ки атрофи корҳои муҳими анҷомшуда ва чолишҳои дар пеш буда доштем. Кумаки Британия Кабир дар соҳаҳои рушди кишоварзӣ, тавонмандсозии иқтисодии занҳо ва беҳтарсозии мудирияти молияи давлатӣ аллакай ба натиҷаҳои самаранок ноил гаштааст.
Ман умедвори таҳкими ҳамкории Британия ва Тоҷикистон мебошам».








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






