Вижаномаи «Адабиёт ва санъат»

Февраль 5, 2016 09:38

Душанбе, 05.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Нашри муштараки ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ва «Литература и мастерство»-и Ҷумҳурии Беларус иқдомест, ки пас аз фурўпошии Иттиҳоди шўравӣ бори аввал пеш гирифта шуд.

Шумораи нави ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» вижаномаест, ки ба адабиёти имрўзи ҷумҳурии Беларус бахшида шудааст. Шумораи мазкур инъикосгари падидаҳо ва дастовардҳои адабиёти имрўзи Беларус буда, ҳоло меҳрномаи адибони ин сарзамин ба тоҷикон аст.

Дар саҳифаи аввал акс ва суханони пурмеҳри сарварони Тоҷикистону Беларус Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко ҷой дода шудааст. Ҳамчунин дар ин саҳифа андешаҳои сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қозидавлат Қоимдодов ва кордори Сафорати Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Александрович Гулик дарҷ ёфтаанд, ки онҳо ибтикори ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ва «Литература и мастертсва»-ро ҷонибдорӣ карда, нақши онро дар муносибат ва табодули фарҳангии ин ду кишвар муҳим донистаанд.

Зери рубрикаи «Дўстии халқҳо-дўстии адабиёт» навиштаҳои раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ва раиси Иттифоқи нависандагони Беларус Николай Чергинетс  омадаанд, ки баёнгари робитаҳои мустаҳками адабии ду кишвари дўст мебошанд.

Дар матлаби «Дар ҳарими оинҳои дўстӣ», ки ба қалами нависандаи Беларус Ирина Кочеткова таааллуқ дорад,  нақши назарраси нависандаи тоҷик Ато Ҳамдам дар таҳкими робитаҳои адабии Тоҷикистону Беларус зикр шудааст. Дар матлаб ҳамчунин перомуни қиссаи мустанади Ато Ҳамдам ва Леонид Чигрин «Корномаи Эмомалӣ Раҳмон», ки маҳфили муаррифии он дар Беларус доир шуда буд, сухан рафтааст.

Муроҷиатномаи нависанда Георгий Марчук бо номи «Салом Тоҷикистон» меҳрномаи самимиест ба хонандагони тоҷик.

Дар бораи вазъи имрўза, комёбиҳо ва дигаргуниҳои адабиёти Беларус мақолаи мудири Қасри нашриявии «Звязда» Алес Карлюкевич нашр шудааст.

«Бовараш ўро ба сўи манзили мақсуд бурд» унвони матлабест роҷеъ ба ҳаёту фаъолияти коргардони шинохтаи тоҷик Марворид Қосимова, ки аз соли 1992 то ин ҷониб дар Беларус кору зиндагӣ мекунад.

Дар бораи ҳамкории Театри русӣ-драмавии ба номи Маяковский бо театрҳои Беларус, аз ҷумла бо театри русӣ-драмавии шаҳри Брест низ матлабе нашр шудааст.

Дар шумораи нав ҳамзамон ҳикояҳои нависандагони Беларус Олег Ждан «Телевизор», Екатерина Хадасевич Лисовая «Инсонҳои комил», Геннадий Авласенко «Бобби» ва Елена Малчевская «Cе дарси накўкорӣ» пешкаши хонандагони тоҷик гардидаанд.

Ханандагон ҳамчунин метавонанд бо намунаҳои ашъори шоирони муосири Беларус Виктор Шнип, Франсиск Скорина, Ирина Карнаухова, Алес Бадак ва Людмила Рублевская шинос шаванд.

Чанд шеъри шоирони маъруфи тоҷик Абулқосим Лоҳутӣ (ба Янко Купало), Сайидалӣ Маъмур (ба Иосиф Каминский) ва Низом Қосим (Домулло Азизов) чун меҳрнома ба фарзандони барўманди сарзамини Беларус дар ин шумора ҷой дода шудаанд.

Дар назар аст, ки анъанаи нашри муштараки ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» бо нашрияҳои адабии дигар кишварҳо минбаъд низ идома хоҳад ёфт.

Февраль 5, 2016 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд