Вохӯрии Аҳтам Абдуллозода бо донишҷӯёни Донишгоҳи аграрӣ
Душанбе, 6.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- 5 феврали соли равон мулоқоти Аҳтам Абдуллозода раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо донишҷӯёну устодон ва ҷавонони фаъоли Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур доир гардид. Мулоқот дар доираи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ сурат гирифта
Аҳтам Абдуллозода дар ин вохӯрӣ вобаста ба муҳимияти Паём ва нақши он дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии мамлакат маърӯза карда, изҳор дошт, ки он сиёсати дохилию хориҷии кишварро барои як соли оянда муайян менамояд. Гуфта шуд, ки дар Паёми имсолаи Президенти кишвар масъалаи ҳаёти ҷавонон матраҳ гардида масъулияти ҷавононро барои боз ҳам ободу зебо гардонидани кишвар бештар месозад.
Дар доираи ин вохӯрӣ Аҳтам Абдуллозода раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба масъалаи мушкилоти ҷавонон таваҷҷуҳ карда, изҳор дошт, ки “имрӯз ҳаёти ҷавонӣ моро водор месозад, ки сари мушкилоти ҷомеа андешаронем.” Дар идома аз ҷинояткории баъзе аз ҷавонон ва ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ пайвасти онҳо ёдоварӣ шуда, таъкид гардид, ки рисолати асосии ҷавонон хондан ва таҳсил кардан аст.
Гуфта шуд, ки ҷавонон имрӯз бояд бештар ба баланд бардоштани савияи дониши худ машғул гардида, вақтро самаранок истифода баранд. Зеро ба таъкиди раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ танҳо ҷавонони донишманд метавонанд дар яонда соҳиб касби асил ва мутахассиси соҳа гарданд.
Дар вохӯрӣ инчунин Баҳрулло Саидов сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ миёни ноболиғони шуъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе баромад намуд. Дар фарҷом миёни иштирокчиён суолу ҷавоб сурат гирифт.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад






