Вохӯрии кормандони ҳифзи ҳуқуқ бо ҷавонон

Февраль 6, 2016 10:09

Кӯлоб, 06.02.2016 (АМИТТ «Ховар»).- Вохӯрии кормандони мақомоти прокуратура ва шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб бо ҷавонон доир гардид. Дар вохӯрӣ масъалаи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба равияҳои иртиҷоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зимни суханронӣ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бораи амалҳои нопоки гурӯҳҳои ифротгаро  ва дастаҳои махсуси ҷиноӣ ёдовар шуда, доир ба тарбия ва пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ маърӯза намуда, гуфтанд, ки тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ вазифаи муқаддаси мактаб, оила ва ҷомеа аст.

Февраль 6, 2016 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш