Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Игор Поканевич

Февраль 5, 2016 08:45

Душанбе, 5.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- 4 феврали соли 2016 вохӯрии муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо роҳбари намояндагии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Поканевич баргузор гардид.
Дар мулоқот оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистону СУТ, натиҷаи ҳамкорӣ ва роҳҳои татбиқи барномаву лоиҳаҳои минбаъда дар соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла дар бахшҳои мубориза бар зидди бемории сироятӣ ва таъмини хизматрасониҳои тиббӣ-беҳдоштӣ мубодилаи афкор анҷом дода шуд.
Зимни суҳбат роҳбари тозатаъйини намояндагии СУТ дар Тоҷикистон расман нусхаи эътимодномаи худро ба муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорид.

Февраль 5, 2016 08:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд