1439 лоиҳа ва беш аз 4 миллиард сомонӣ барои рушди Бадахшон

Март 1, 2016 07:20

Душанбе, 01.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Тантанаҳои ҷумҳуриявии 19-умин солгарди ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ имсол дар вилояти Бадахшон доир мегарданд.

Мутобиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба ташкил ва баргузории тантанаҳои ҷумҳуриявии ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабиниҳои марбута аз моҳи март то моҳи июни соли равон баргузор мешаванд. Аз ҷумла, Корвони ваҳдатгустари китоб дар шаҳру ноҳияҳои Бадахшон, рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд дар Бадахшон, рӯзҳои вилояти Хатлон дар Бадахшон, фестивали ҷавонон таҳти унвони «Ҷавонон пайрави Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон», конфронси илмӣ оид ба «Нақши занон дар таъмини сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ», мизи мудаввар оид ба нақши воситаҳои ахбори омма дар таҳкими Ваҳдати миллӣ, фестивали «Навои Бадахшон», маҳфили адибони тоҷик таҳти унвони «Диёри ваҳдатофаринам», фестивали фарҳангӣ-сайёҳии байналмилалии «Боми ҷаҳон», конфронси ҷумҳуриявӣ оид ба «Нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ» ва амсоли инҳо доир карда хоҳанд шуд.

Маврид ба зикр аст, ки бо мақсади тақвияту густариши ваҳдати миллӣ, ҳифзи соҳибистиқлоливу ифтихори ватандорӣ, ободу зебо намудани ҳар гӯшаи диёри азизамон бо ибтикори Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таҷлили ҷашнҳои умумимиллӣ дар манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ таҷлил мегардад. Ва ин анъана борҳо собит намудааст, ки дар арафаи таҷлили ҷашнҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар садҳо иншооти муҳими дорои аҳамияти иҷтимоиву иқтисодӣ бунёд гашта, рушди устувору баробари минтақаҳои Тоҷикистон таъмин мегарданд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои саривақтии барномаҳои давлативу маҳаллӣ ва таъмини уҳдадориҳои иҷтимоии давлат аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода карда, ҳамасола маблағгузориро ба самтҳои афзалиятноки рушди минтақаҳои кишвар афзоиш медиҳад. Бахусус, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста азму талош дорад, ки бо татбиқи нақшаву барномаҳои рушд пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла вилояти Бадахшон таъмин карда шавад.

Ҳамин аст, ки танҳо дар давоми се соли охир барои рушди вилояти Бадахшон беш аз як миллиарду ҳафтсад миллион сомонӣ равона шудааст.

Дар ин давра аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои дастгирии буҷети вилоят ва пардохти нафақа зиёда аз 600 миллион сомонӣ ва аз ҳисоби маблағҳои асосии марказонидашуда барои сохтмони иншооти иқтисодиву иҷтимоӣ 223 миллион сомонӣ равона карда шудааст.

Бояд гуфт, ки дар зарфи солҳои истиқлолият дар қаламрави вилояти Бадахшон 25 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ мавриди амал қарор гирифта, аз онҳо то ба ҳол татбиқи 17 лоиҳа дар ҳаҷми зиёда аз 820 миллион сомонӣ ба анҷом расидааст.

Илова бар ин, солҳои наздик дар вилоят татбиқи чандин лоиҳаҳои давлатии сармоягузории нав ба маблағи умумии қариб 315 миллион сомонӣ барои таҷдиди роҳҳо, бунёди нерӯгоҳҳо ва беҳтар намудани шабакаҳои обрасонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар маҷмӯъ, дар давоми солҳои истиқлолият ба хотири ободонии шаҳру ноҳияҳои Бадахшон ва рушди бахшҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоии он тавассути ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ беш аз 6 миллиард сомонӣ равона шудааст.

Дар давраи мазкур дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба маблағи умумии 800 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шуда, 1200 иншооти гуногун бунёд ва таъмиру навсозӣ гардид.

Солҳои истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати мамлакат дар соҳаи роҳсозии ин вилоят 5 лоиҳаи сармоягузориро ба маблағи беш аз 600 миллион сомонӣ амалӣ кардааст.

Сохта, ба истифода додани шоҳроҳи байналмилалии Кӯлоб — Қалъаихумб — Хоруғ — Кулма яке аз аввалин иқдомоти Ҳукумати мамлакат дар самти таъмин намудани иртиботи доимии сокинони вилоят бо дигар минтақаҳо мебошад.

Дар ин давра бо харҷи 40 миллион сомонӣ аз болои дарёҳои Панҷу Вахон 6 пул бо дарозии умумии 585 метр сохта, ба истифода дода шуд.

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар барои фаъолияти муътадили инфрасохтори энергетикии вилоят беш аз 320 миллион сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст. Аз ҷумла, нерӯгоҳҳои барқи обии «Помир–1», «Техарв» ва “Андароб” таҷдиду бунёд гардида, бо маблағгузории Ҳукумати мамлакат нерӯгоҳҳои хурди обии «Ширг-1», «Ширг-2» ва «Ванҷ-2» сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд. Дар натиҷа иқтидори энергетикии вилоят 31,2 мегаватт зиёд шуда, ҳоло тавоноии умумии нерӯгоҳҳо ба 43,2 мегаватт расидааст. Ғайр аз ин, тайи солҳои охир 203 зеристгоҳи барқӣ ва 270 километр хатҳои интиқоли барқ бунёд гардида, ин иқдом ба таъмини аҳолии ноҳияҳои вилоят бо нерӯи барқи доимӣ мусоидат кардааст.

Умуман, то имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 46 нерӯгоҳи хурди барқи обӣ фаъолият дошта, ҳоло бунёди боз 8 нерӯгоҳи хурд идома дорад, ки маблағи умумии онҳо беш аз 200 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Тибқи нақша дар солҳои 2015-2017 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар манбаъҳои маблағгузорӣ ба соҳаи энергетикаи вилояти Бадахшон беш аз 100 миллион сомонӣ равона карда мешавад.

Агар соли 2010 дар вилоят 32 коргоҳу корхонаҳои хурди саноатӣ фаъолият карда бошанд, ҳоло теъдоди онҳо ба 110 адад расид.

Тибқи маълумот дар ҳудуди вилоят дар зарфи солҳои 2011-2014 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ба маблағи умумии зиёда аз 100 миллион сомонӣ 28 муассисаи таълимӣ барои 5900 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст.

Ҳамасола тариқи квотаи Президентӣ то 150 нафар хатмкунандагони мактабҳои таҳсилотии вилоят ба муассисаҳои олии кишвар қабул шуда, аз соли 1997 то инҷониб 1650 нафар дар маҷмӯъ аз имтиёзи мазкур баҳравар гардидаанд, ки қариб 1000 нафарашон духтарон мебошанд.

Маврид ба зикр аст, к ибо супориши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва талошҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат оқибатҳои офатҳои табиии соли гузашта дар Бадахшон саривақти ва бо сифати баланд бартараф карда шуда, ба аҳолии зарардида кумакҳои моддӣ саривақт расонида шуданд. Аз ҷумла, оилаҳои хонаҳояшон хароб ё қисман харобшуда пурра бо хонаҳои навбунёд таъмин шуданд. Аз ҷумла, дар натиҷаи фаромадани сел тобистони соли гузашта қисмати зиёди деҳаи Барсем, Колхозобод ва Бердибекобод зери обанбори сунъӣ монд. Бо супориши Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои осебдидагон хонаҳои нави истиқоматӣ бо ҳама ҷиҳози рӯзгор муҷаҳҳаз ба истифода дода шуд ва ин деҳа бо пешниҳоди сокинон Раҳмонобод номгузорӣ гардид.

Маврид ба зикр аст, ки бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани шароити зиндагии сокинони вилоят аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар панҷ соли оянда дар доираи барномаҳои рушд татбиқи 1439 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз чор миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

 

Март 1, 2016 07:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Темурмалик, Восеъ, Шамсиддини Шоҳин ва шаҳри Кӯлоб бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ гардид
Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» оғоз гардид
Дар Тоҷикистон барои муайян кардани иллатҳои ирсии модарзод табодули таҷриба анҷом дода шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои бо ангишт гарм кардани хонаҳо аз бухории махсус бояд истифода намуд
Ҳайати Тоҷикистон бо раванди навсозии хизматрасонии давлатии Молдова шинос гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси шарҳи Конвенсияи СММ дар Камбоҷа иштирок дорад
Дар Тоҷикистон амалиёти навбатии «Муоинаи техникӣ» гузаронида мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Мастчоҳ кӯдакистон, Қасри ҷавонон ва бинои нави беморхона ба истифода дода мешавад
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Таҳти ин унвон озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Парчами давлатӣ рамзи қудрату тавонмандӣ ва сарҷамъии миллат аст
ЗЕРИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ МУТТАҲИД ГАШТАЕМ. Андешаҳо дар ин мавзуъ