Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
ДУШАНБЕ, 28.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Қабули маводи Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон-бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то 30 майи соли 2026 идома меёбад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Барои иштирок дар озмун хоҳишмандон метавонанд ба масъули баргузории озмун — «Муассисаи давлатии маҷмааи «Кохи Ваҳдат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.
Тавре қаблан иттилоъ додем, озмун бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор мегардад,
Озмун бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба даст овардани ваҳдати миллӣ, ҳифзи якпорчагии сарзамин, таъмину таҳкими сулҳу субот, амнияту оромӣ, ба ҳам овардани мардуми сарзамин дар замони истиқлоли давлатӣ, муаррифии дастовардҳои сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодию фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои миллию таърихӣ дар арсаи байналмилалӣ ва пешниҳоди ташаббусҳои сулҳпарваронаю инсонпарварона дар заминаи Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон-бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» баргузор карда мешавад.
Мақсади озмун таҳкими худшиносии миллӣ, тарбияи насли наврас дар заминаи корнамоиҳо ва ҳидоятҳои ватандӯстонаю бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар озмун ҳама шаҳрвандони мамлакат, новобаста аз синн ва касбу кор иштирок карда метавонанд.
Озмун аз рӯи се номинатсия баргузор мегардад:
— Беҳтарин мақолаи илмӣ, таҳқиқотӣ, публитсистӣ, очеркҳои таърихӣ;
— Беҳтарин эҷоди назму наср (ҳикоя ва шеър);
— Беҳтарин суруд.
Озмун моҳи июн, дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ дар як давр- дар доираи конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






