Ҳайати Тоҷикистон барои бозӣ бо Австралия эълон шуд

Март 18, 2016 09:49

Душанбе, 18.03.2016. (АМИТ «Ховар»).-Ҳайати дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 муқобили тими мунтахаби Австралия, ки 24 март дар шаҳри Аделаида баргузор мешавад, маълум шуд. Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар 18 бозингар дохил шудааст. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба ин бозӣ аз 17 март шурӯъ намуд. Даста дар Варзишгоҳи марказии Душанбе тамрин кард. Рӯзи 19 март дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон бо ҳавопаймо ба Дубай ва аз он ҷо ба Аделаида парвоз мекунад. Бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби Австралия ва Тоҷикистон рӯзи 24 март, дар варзишгоҳи «Аделаида Овал» соати 19:30 ба вақти маҳаллӣ (14:00 ба вақти Душанбе) оғоз меёбад. Сардовари бозӣ довари ФИФА Фаҳд Ҷобир Ал-Маррии 30-сола аз Қатар мебошад.
Ёдовар мешавем, ки ҳайати мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар бозӣ муқобили дастаи мунтахаби Австралия чунин аст: дарвозабонҳо: Алишер Тӯйчиев («Хуҷанд»), Қурбоналӣ Бобоев («Истиқлол»); ҳимоятгарон: Сиёвуш Асроров, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Давронҷон Эргашев, Аҳтам Назаров (ҳама аз «Истиқлол»), Далерҷон Тухтасунов, Манучеҳр Аҳмадов, Эраҷ Раҷабов (ҳама аз «Хуҷанд»); нимҳимоятгарон Хуршед Маҳмудов («Барқчӣ»), Нуриддин Давронов, Фаридун Шарифов, Ҷаҳонгир Алиев, Дилшод Восиев (ҳама аз «Истиқлол»), Фирӯз Қараев («Регар-ТадАЗ»); ҳамлагарон Комил Саидов («Барқчӣ»), Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») ва Давронҷон Тухтасунов аз дастаи ССКА «Помир».

Март 18, 2016 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид