Ҳалокати се нафар дар садамаи нақлиётӣ

Март 7, 2016 14:44

Душанбе, 07.03.2016 (АМИТ «Ховар»). 5-уми март ронандаи мошини тамғаи «Опел-Зефир», сокини 22-солаи ш. Душанбе ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Қурғонтеппа, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Фахрободи ноҳияи Хуросон бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, ба мошини тамғаи «Опел-Вектра», таҳти идораи ронанда, сокини 27-солаи ноҳияи Ҷ.Рӯмӣ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири мошини «Опел-Зефира» сокини 23-солаи шаҳри Душанбе ва мусофири мошини тамғаи «Опел-Вектра» зани 21-солаи ноҳияи Хуросон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Дигар мусофирони мошинҳои мазкур: ду ҷавони 21-солаи ш. Душанбе, марди 27-солаи ноҳияи Ҷ.Рӯмӣ ва сокини 22-солаи ноҳияи Ҷ. Румӣ ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд. Пас аз чанд муддат сокини 22-солаи ноҳияи Ҷ. Румӣ дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Март 7, 2016 14:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад