Ғамхорӣ дар ҳаққи навхонадорон

Март 14, 2016 14:49

Душанбе, 14.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Дирӯз бо ташаббуси хайрхоҳонаву падаронаи вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода тӯйи хонадоршавии ду фарзанди кормандони фавтидаи мақомоти корҳои дохилӣ, ки курсантони Академияи Вазорати корҳои дохилӣ мебошанд, барпо шуд.
Ин ду навҷавон фарзандони фавтидаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ буда, домод Шомаҳмадов Муҳаммад Муҳаббатович дар курси чорум ва арӯсшаванда Асророва Сайёра Қурбоновна дар курси дуюми Академияи Вазорати корҳои дохилӣ таҳсил менамоянд.
Бояд зикр кард, ки бо ташаббуси бевоситаи Рамазон Раҳимзода ба ин ду навҷавон, ки ба ҳаёти мустақилона қадам ниҳоданд, манзили истиқоматӣ бо тамоми шароити зист муҷаҳҳаз тақдим гардид.

Март 14, 2016 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!