Ҳамкории соҳибкорзанони Суғду Хатлон

Март 1, 2016 11:17

Душанбе, 01.03.2016 (АМИТ «Ховар»),- Як гурӯҳ занони соҳибкори бахшҳои кишоварзӣ, ҳунармандӣ, тиб ва дигар соҳаҳои фаъолияти соҳибкорӣ, бо мақсади мубодилаи таҷриба, шиносоӣ бо технологияи пешрафта ва густариш бахшидани ҳамкории дуҷониба аз вилояти Хатлон ба вилояти Суғд сафари корӣ анҷом доданд. Дар ин бора дирӯз аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Ёдовар мешавем, ки ин панҷумин чорабинии сафарии омӯзишӣ оид ба мубодилаи таҷриба дар доираи лоиҳаи “Соҳибкории занон воситаи васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои занон”, ки аз ҷониби Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон (АМЗСТ) дар доираи лоиҳаи USAID дар вилояти Хатлон татбиқ гардида истодааст, мебошад.
Рӯзи аввали сафари корӣ занон аз маркази таълимии ба номи З. Баҳриддинова, коргоҳи дӯзандагии «Ганҷи ҳунар», растаи фурӯши маҳсулоти дастии маркази савдои “Баҳор” боздид намуданд. Инчунин бо фаъолияти кошонаи ҳусн, маркази “Табибони шафқат” аз наздик шинос шуданд.
Дар рӯзи дуюм занҳои кишоварз аз фаъолияти гармхона дар ҷамоати Деҳмой, маркази ташхисии “Нурафзо”, маркази таълимӣ- истеҳсолии “Дугонаҳо”, мағозаи “Дунёи атлас” дидан намуда, сипас аз фаъолияти Маркази занон “Гулрухсор” дидан намуданд.

Март 1, 2016 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст