Ҳамоиши китобдорон дар шаҳри Ҳисор
Душанбе, 18.03.2016. (АМИТ «Ховар»).- Бо мақсади ба низом даровардани тартиби иҷораи китобҳои дарсӣ ва маблағҳои гардони он дар муассисаҳои таълимӣ, тақвият бахшидани соҳаи китобдорӣ, такмили дониши китобдорон, огоҳӣ аз навгониҳои соҳаи китобдорӣ 17 марти соли равон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и шаҳри Ҳисор бо мушовирони китоби шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо зери унвони «Мушкилоти соҳаи китобдорӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо» машварат доир гардид.
Тавре ки аз Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ хабар доданд, дар машварат муовини вазири маориф ва илм Фатҳиддин Усмонзода сухан намуда, ҳамзамон ба як гурӯҳ мушовирони китоб, ки фаъолияти хуби корӣ нишон додаанд, «Ифтихорнома» ва «Раҳматнома»-и Вазорати маориф ва илмро супорид. Дар идома иштирокдорон доир ба тартиби ҳуҷҷатнигории соҳаи иҷораи китобҳои дарсӣ, омилҳои роҳ наёфтани ҳолатҳои коррупсионӣ дар самти иҷораи китобҳои дарсӣ, роҳҳои дурусти пардохт кардани қарзи иҷораи китобҳои дарсӣ мубодилаи афкор намуданд.
Ҳамчунин дар қисмати дуюми машварат иштирокдорон аз муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор ва Қалъаи Ҳисор дидан намуданд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






