Ҷанбаҳои иқтисодии Наврӯз

Март 15, 2016 08:38

Душанбе, 15.03.2016. (АМИТ «Ховар»). -Ҷашни Наврӯз дар умқи таърихи зиёда аз панҷҳазорсолаи худ яке аз ҷашнҳои қадимаи мардуми ориённажод шинохта шуда, дар ҷаҳони  муосир ҷойгоҳи нав касб кардааст. Дар бораи пайдоиши Наврӯз нақлу ривоятҳо хеле зиёданд ва онҳо омили асосии нигоҳдории суннатҳои мардуми ориёнажод буда, риояи ин суннатҳо дар арафа ва рӯзҳои ҷашни ин рӯзи нав амалӣ гардида, шаҳодат аз пос доштани арзишҳои миллии мо мардуми тоҷик мебошанд.

Агар ба ҷанбаи иқтисодии Наврӯз назар афканем, он ба пешрафти ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии халқҳои эронинажод дар асрҳои 7-3 пеш аз мелод нисбат дода мешавад. Мувофиқи очеркҳои таърихӣ ва асотирии халқҳои гуногун Худованд офариниши ҷаҳонро дар оғози  баҳор, яъне дар айёми  Наврӯз  шурӯъ  кардааст. Мардумони   эронинажод то ислом  ва дар давраи исломӣ рӯзи аввали солро бо Наврӯз сар мекарданд. Ин тарзи ҷашнгирии Наврӯз то ба мо омада расидааст ва ҳамасола он дар саршавии  соли нав, ки ба рӯзи якуми моҳи фарвардин рост меояд, таҷлил мешавад.

Ман аз овони кӯдакии худ ёд дорам, ки модарон ба мо либосҳои нав пӯшонида, дар сар тоқӣ бо овози мусиқии наю доира ва таблак дар деҳот бо гули наврӯзӣ тахминан аввали моҳи март мардуми деҳқонро ба кишту кори баҳорӣ даъват мекардем ва пирони деҳа дуои нек ва модарон ба мо туҳфаҳо медоданд. Агар баҳор хушк меомад, мо кӯдакони деҳот маросими ашагулон, яъне даъват ба Худои таоло мекардем, ки борон борад ва мардум аз офатҳои табиӣ ва гуруснагӣ раҳоӣ ёбанд.

Наврӯз сар то сар шукуфоӣ буда, таҷассумгари ояндаи нек аст.  Ҷашнгирии тамоми идҳо аз Наврӯз сарчашма гирифта, иди бо ҳам гирд оварданҳост ва завқи мардумро баланд бардошта, онҳоро ба зебоипарастӣ тарғиб менамояд. Наврӯз мардумро бо табиат тавъам  овардану ҳушдор додан аст, ки табиат аз инсон ҷудо нест. Ба қавли Мавлоно Ҷомӣ:

                       Зи навбаҳор ба рақс аст зарра-зарраи хок,

                       Ту низ ҷузви заминӣ дар ин баҳор нахуст.

Дар табиат ҷашн гирифтани Наврӯз ба инсон лаззати равонӣ бахшида, инсонро ба дӯст доштан, эҳтиром гузоштан ба қонунҳои инкишофи табиат ва ҷомеа водор месозад ва ин рӯзи нав талқин кардани дӯстӣ, меҳрубонӣ, хайрхоҳӣ, покӣ, софдилӣ, меҳнатдӯстӣ ва зери шиори «зиндагиро аз нав дидан» мардумро ба ҳам овардан аст. Ин равандро мо имрӯз зери шиори «Иқтисодиёти сабз» (дар мисоли Тоҷикистон тағйири табиат, шинондани дарахтон ва гулу буттаҳо дар муассисаҳо, коргоҳҳо, боғҳо, кӯчаҳо ва хонаҳо корҳои тозаю  озадагардонӣ ва ғайраҳо) дар рушди иқтисодиёт мебинем.  Ҳамарӯза мо дар суханрониҳои Сарвари давлат ва аз васоити ахбори омма низ баръало мушоҳида карда истодаем, ки ин таваҷҷуҳ ба насли оянда ва гузоштани шароити беҳтарину хубтарин барои рушди босуботи иқтисодии кишвар мебошад, чунки имрӯз ин нишондиҳандаи рушди иқтисодиёт дар аксарият давлатҳои пешқадами иқтисодӣ ҳамчун маҳаки асосии баҳогузорӣ ба индекси рушди инсонӣ ба ҳисоб меравад.

Наврӯз иди пирӯзии нур бар зулмот ва тантанаи некӣ бар бадӣ аст, ки халқ онро пазируфта, дар тӯли қарнҳои тӯлонӣ аз насл ба насл гузошта, оини ибратомӯзи онро сарчашмаи бузурги ахлоқиву тарбиявӣ ва бунёдкориву созандагӣ донистааст. Наврӯз фарогири ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносӣ, орзую ормон, расму оин ва баёни тафаккури солим мебошад, ки ҳатто замони омадани аъроб хостанд ин ҷашнро аз байн баранд, аммо чун дар зеҳни мардум нишаста буд ва ба рагу хуни онҳо мустаҳкам шуда буд, натавонистанд, танҳо ба он ҷомаи исломӣ пӯшониданд, зеро ҷашнгирии он дар ҳама давру замонҳо ҳамчун оини  зиндагисози мардум ба ҳисоб мерафт. Дар таърихи куҳани ҷашни ҳамешабаҳори Наврӯз саҳифаи таърихии дигар кушода шуд, ки ин саҳифа эҳтироми мардуми тоҷикро нисбат ба арзиши қадимӣ ва қадршиносии онро барои ояндагони мо муаррифгар шуд. Ин иқдом аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки талоши ба феҳристи  мероси  фарҳангии ҷаҳон ворид кардани ҷашни Наврӯзро кард ва аз тарафи Муассисаи илмӣ ва фарҳангии Созмони Миллали Муттаҳид  моҳи майи соли 2009 дастгирӣ ёфт.

Наврӯз иди кишоварзон аст ва нахуст деҳқон ба кишт кардан дар ин айём  саъй  мекунад. Ин оин низ дар байни халқ хеле машҳур аст ва онро бо унвони «Фолгирӣ» ё «Фоли деҳқонон» нисбат додаанд. Мафҳуми фол дар ин ҷо ба маънии пешгӯӣ ё ояндабинӣ истифода шудааст, ки иборат аз сабзонидани ғалладонагиҳо мебошад. Ин усул то ҳол дар миёни мардуми кӯҳистон, бахусус деҳқонон боқӣ мондааст. Марди деҳқон аз сабзидани ғалладонагиҳо, аз қабили нахуд, ҷав, гандум, наск, арзан ва ғайра фол мегирифт, ки соли меомада чӣ гуна сол аст ва дар ҳамон сол аз он тухм бештар кишт мекарданд. Чун гандум барои мардум ғизои аввалиндараҷа аст, ҳамасола ба он таваҷҷуҳи хосса дода мешуд. Ин бо гузашти солҳо маънии нав пайдо кард ва маънии таъмини амнияти озуқавориро ба худ гирифт.

Имрӯз масоили амнияти озуқаворӣ яке аз се самти асосии сиёсати кишварамон ба ҳисоб меравад, ки пиёда намудани он дар ояндаи наздик муҳимтарин ҳадафи Ҳукумати Тоҷикистон мебошад ва ин масъала дар Паёми Пешвои миллат хеле хуб арзёбӣ гардида, худ тасдиқкунандаи ин гуфтаҳост.

Дар иди Наврӯз ба хотири ҷашнгирии он куштани ҳайвонот иҷозат дода намешавад. Истифодаи гӯшт аз ҳайвонҳое, ки қабл аз Наврӯз кушта шудаанд, роиҷ аст ва ҳангоми тайёр кардани хӯрокҳои гӯштӣ дар ҷашни Наврӯз аз ин қабил гӯшт истифода мебаранд, ки ба Қонун «Дар бораи танзими анъанаҳо ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» шабоҳат дорад ва харҷу сарфаи зиёдатӣ ва маблағҳои пулиро аз байн мебарад ва дар таъмини озуқавории кишвар мусоидат менамояд.

Рӯ овардан ба рушди соҳаи саноат минбаъд кишвари моро метавонад ба як кишвари содиркунанда табдил дода, ба чанд масъалаи муҳими кишвар даво шавад. Махсусан, шароити фароҳам овардани ҷойҳои корӣ ба мардум, ки яке аз масъалаҳои муҳим аст. Инчунин иқдомҳои чандинсолаи Ҳукумати кишвар дар бахши энергетика низ ба саноатикунонӣ рабт дошта, дар оянда истеҳсоли зиёди барқ низ ба чунин корхонаҳои саноатӣ равона мешавад. Аз ҷумла, дар Паёми имсолаи Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ омадааст, ки: «… дар чандин ноҳияҳои кишвар бунёди минтақаҳои саноатӣ, аз ҷумла ду корхонаи истеҳсоли семент бо иқтидори беш аз 3 миллион тонна, корхонаҳои бофандагӣ бо иқтидори коркарди 52 ҳазор тонна нахи пахта ва истеҳсоли 150 миллион метри мураббаъ матои пахтагин, сохтмони се корхонаи саноати кимиё, коркарди металлҳои ранга бо иқтидори истеҳсолии 1400 килограмм тилло, корхонаи бузурги металлургӣ бо иқтидори 50 ҳазор тонна рӯҳ ва 50 ҳазор тонна сурб ва боз як корхонаи металлургӣ бо иқтидори 400 ҳазор тонна имсол ва соли оянда ба истифода дода мешаванд» аз иқдомҳои наҷиби Ҷаноби Олӣ ба ҳисоб мераванд.

Бунёди наврӯзгоҳҳо, боғҳои фарҳангӣ, ҷойҳои таърихӣ, ки сол то сол тармиму навсозӣ мешаванд, дар баргузории ҷашнҳои оммавӣ, бахусус Наврӯзи оламафрӯз созгор буда, мардумро барои ба ҳам омадан, дӯсту иттифоқ зистан ва дар ҳама мушкилиҳои зиндагӣ якдигарро дастгир будан ҳидоят мекунанд. Ҷашни Наврӯз сол то сол шукӯҳи бештаре ба худ мегирад. Дар айёми баргузории ин ҷашн мардуми ноҳияҳо маҳсули меҳнати кишоварзӣ, саноатӣ, бофандагӣ, дӯзандагӣ, наққошӣ, кандакорӣ ва китобҳои тозанашрро пешкаши мардум мегардонанд, ки он фалсафаи махсус дошта, пешкаши мардум намудани маҳсулот барои муаррифист, то мардум дилпур аз он бошанд, ки дар хазинаи давлат чӣ чизҳо мафҳуз мебошаду минбаъд одамон дилпурона ба зиндагӣ идома дода, барои чизҳои набуда кӯшиш ба харҷ диҳанд, то ба он дастёб гарданд ва ҳамаи ин дастовардҳо натиҷаи меҳнати софдилона ва амалӣ гардидани  ниятҳои неки дар Наврӯз кардаи онҳо мебошад.

 

 

Декани факултаи молия ва қарзи

Донишкадаи молия ва иқтисодиТоҷикистон,

дотсент Эмомалӣ Шералиев

Март 15, 2016 08:38

Хабарҳои дигари ин бахш

ФИЛМИ ҲУНАРИИ «ВИҶДОН». Дар пасманзари он маконҳои зебои сайёҳиву ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон меборад
Иштирокдорони ҳамоиш дар Душанбе ҷойгоҳи Айнӣ дар ташаккули мафкураи миллиро баррасӣ намуданд
РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Бахшида ба он дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Дар Душанбе дар мавзуи «Маърифати ҳуқуқӣ-омили муҳими таҳкими давлатдории миллӣ» конфронси байналмилалӣ доир шуд
Мафкураи солим ва дониши мукаммал омили муҳими рушди устувор ва амнияти ҷомеа мебошад
27-28 апрел дар Тоҷикистон ҳавои боронӣ пешгӯӣ мешавад
Бар асари обхезӣ дар Танзания 155 нафар ба ҳалокат расид
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид
Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд