Ҷашни Наврӯз дар Маскав баргузор шуд
Душанбе, 23.03.2016. (АМИТ «Ховар»). – Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо ширкати гурӯҳҳои фарҳангӣ аз ҳудуди 20 кишвари ҷаҳон дар шаҳри Маскав баргузор шуд. Намояндагони миллатҳои гуногун аз кишварҳои Ҳавзаи Наврӯз, аз ҷумла, Тоҷикистон, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Эрон, Озарбойҷон ва ғайраҳо, бо гирдиҳамоӣ дар канори ҳамдигар Наврӯзро ҷашн гирифта, одобу фарҳанги суннатии худро ба маърази тамошо гузоштанд.
Тавре ки хабаргузории «Форсӣ ру» хабар медиҳад, дар ин ҷашн 75 «Маҷмӯаи намоишгоҳҳои саросарии Русия» баргузор шуд. Ҳамчунин кишварҳои Ҳавзаи Наврӯз бо ироаи саноати дастӣ ва бо иҷрои мусиқии маҳаллӣ фарҳанги кишварҳои худро ба иштирокдорон муаррифӣ намуданд.








АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон хаво 24 дараҷа гарм мешавад
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид






