Ҷавошири Ҳайдарӣ: Мо тоҷикони бурунмарзӣ аз он ифтихор мекунем, ки чунин Пешвои тоҷикон дорем

Март 20, 2016 16:26

Душанбе, 20.03.2016. (АМИТ «Ховар»).—Мо тоҷикони бурунмарзӣ аз он ифтихор мекунем, ки чунин Пешвои тоҷикон дорем. Сол то сол таҷлили Ҷашни Наврӯз шаҳомати хоса мегирад. Ибтикороти ҷаҳонишавии Наврӯз ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мутааллиқ аст, ки ин ифтихори ҳамаи мо тоҷикон мебошд. Ин нуктаро Ҷавошири Ҳайдарӣ, раиси Иттифоқи синамогарони Афғонистон, узви шӯрои Анҷумани байналмилалии тоҷикону форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» баъди мулоқот ва суханронии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз ва мулоқот бо зиёиёни кишвар изҳор дошт.

«Тавре ки он кас дар суханрониашон таъкид намуданд, шуарову адибон, ки нақши бузурге барои мутаҳидсозии халқҳо доранд, бояд қаламашон тез ва бурро бошад, ба манфиати халқ хидмати бештар кунанд»,- гуфт Ҷавошири Ҳайдарӣ.

Ҷавошири Ҳайдарӣ мегӯяд, ки аз ҳар пешравию дастоварди кишвари Тоҷикистон хушҳол мегардад. Ҳамеша тариқи шабакаҳои телевизиониву радиоӣ барномаҳои Тоҷикистонро тамошо ва гӯш  мекунад ва аз навиди ин кишвар бохабар аст.

Март 20, 2016 16:26

Хабарҳои дигари ин бахш

ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад