Баҳодиҳии хавфҳои марбут ба хизматрасониҳои дастраси молиявӣ

Март 23, 2016 10:16

Душанбе, 23.03.2015. (АМИТ «Ховар»). — Семинарии омӯзишӣ таҳти унвони «Баҳодиҳии хавфҳои марбут ба хизматрасониҳои дастраси молиявӣ” барои намояндагони мақомоти назоратии кишвар, иштирокчиёни бозори молиявӣ, аз ҷумла масъулини бонкҳои тиҷоратӣ, ташкилотҳои амонатии қарзии хурд ва Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон бо иштироки муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ва мутахассиси калони Бонки ҷаҳонӣ оид ба бахши молиявӣ Клаудио Стролиго баргузор гардид.
Ҷамолиддин Нуралиев изҳор дошт, ки чорабинӣ ба “Баҳодиҳии хавфи қонунигардонии (расмикунонии) маблағҳо ва маблағгузории терроризм, вусъат додани дастрасӣ ба хизматрасонӣ ва маҳсулотҳои молиявӣ”, ки бо ташаббуси Бонки ҷаҳонӣ дар доираи кумаки техникӣ, баргузор гардидааст, бахшида шудааст.
Номбурда изҳори умедворӣ намуд, ки семинари мазкур барои тақвияти ҳамкориҳои муштарак байни мақомоти давлатӣ ва намояндагони бахши хусусӣ бо мақсади муттаҳид намудани кӯшишҳо дар самти баланд бардоштани сатҳи дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ ва амалҳои муштарак дар ҷодаи идораи самараноки хавфҳои марбут ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳо ва маблағгузории терроризм мусоидат хоҳад кард.
Мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ оид ба бахши молиявӣ, сохтор, хусусият ва функсияҳои “Фишанги баҳодиҳии хавфҳо дар сатҳи миллӣ оид ба васеъ намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ”-ро ки аз ҷониби Бонки ҷаҳони таҳия шудааст, бо тарзу усули соддаю фаҳмо пешниҳод намуданд.
Зимни мулоқот ва мубодилаи афкори озод иштирокдорони семинар изҳор доштанд, ки гузаронидани баҳодиҳии хавфҳои молиявии дастрас дар сатҳи миллӣ имкон медиҳад, ки на танҳо хавфҳои марбут ба дастрасии хизматрасониҳои молиявӣ дар Тоҷикистон ошкор гарданд, балки ҳамчунин ба рушд ва таҳияи маҳсулотҳои нави дастраси бозори молиявӣ мусоидат намояд.

Март 23, 2016 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад