Баргашти Шариф Назаров ба футболи Лигаи олӣ
Душанбе, 17.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Мураббии овоздору шӯҳратёри тоҷик Шариф Назаров баъди таҷлили 70-солагиаш аз нав ба майдони футболи калон баргашт ва клуби футболи “Хайр”-и Ваҳдатро дар мавсими соли 2016 дар бозиҳои Лигаи олии Лигаи миллии футбол ба ҳайси сармураббӣ ба майдон меорад.
Баъди аз вазифа сабукдӯш шудани сармураббии дастаи “Хайр” Тоҳир Мӯминов, моҳи августи соли 2015 дастаро то ба имрӯз Исроил Идиев тамрин медод. Ба вазифаи сармураббӣ таъйин шудани Шариф Назаров гувоҳӣ медиҳад, ки роҳбарияти клуби футболи “Хайр” дар мусобиқаи имсола дар назди даста вазифаи пурмасъулият гузоштааст, то таҷрибаи Шариф Назаров ба он кумак расонад.
Ёдрас мешавем, ки Шариф Назаров баъди аз вазифаи президенти клуби футболи “Регар ТадАЗ” рафтанаш мактаби худро таъсис дод, ки дар он кӯдакону наврасони синни гуногун тамрин мегиранд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






