Барномаҳои фарҳангии ҳунармандони тоҷик дар Кувайт идома доранд
Душанбе, 26.03.2016. (АМИТ «Ховар»). -Зимни баргузории барномаҳои фарҳангии ҳунармандони тоҷик дар Кувайт шаби гузашта дар Маркази тиҷоратию тафреҳӣ ва фарҳангии Эвеню, воқеъ дар Давлати Кувайт ҳунармандони тоҷик барномаи консертии худро ба тамошобинони ин марказ пешкаш намуданд. Дар барнома, ки муовини дабири кулли Шӯрои илм ва фарҳанги Давлати Кувайт Бадр Двейш ҳузур дошт, аз сатҳу сифат ва муҳтавои барномаи консертии хунармандони тоҷик ибрози қаноатмандӣ карда шуд. Дар ин барнома, ки меҳмонони давлати Кувайт ва сайёҳону намояндаҳои қавму миллатҳои гуногун ҷамъ омада буданд, онҳо ҳунармандони тоҷикро иҳота карда, бо ибрози хурсандӣ ва шавқи тамом аз тамошои он лаззат мебурданд. Аксари ҷавонон ва духтарону писарон кӯшиш мекарданд, ки бо мутрибону ҳунармандони тоҷик якҷоя сурат гиранд.
Ин иқдоми ҷониби Тоҷикистон нисбат ба гузаронидани чунин як барнома барои бештар муаррифӣ кардани фарҳанги Тоҷикистон ва ҷаҳонӣ шудани Наврӯз мусоидат хоҳад кард.















Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






