Баррасии масъалаҳои муҳими давраи омодагӣ ба баргузории раъйпурсии умумихалқӣ

Март 11, 2016 17:03

Душанбе, 11.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз таҳти роҳбарии раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Бахтиёр Тавар ҷаласаи навбатии Комиссия баргузор гардид.

Дар ҷаласаи имрӯзаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ як қатор масъалаҳои муҳими давраи омодагӣ ба баргузории раъйпурсии умумихалқӣ оид ба “Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон” баррасӣ гардид.

Бинобар тағйир ёфтани номи баъзе шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2016 амалӣ карда шуд ва дар асоси талаботи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба қарори худ аз 15.02.2016 №04 тағйироти зеринро ворид намуд, ки мувофиқи он ҳавзаи раъйпурсии Ҳисор №15 ба ҳавзаи раъйпурсии шаҳри Ҳисор, ҳавзаи раъйпурсии Ҷиргатол №16 ба ҳавзаи раъйпурсии Лахш №16, ҳавзаи раъйпурсии Тавилдара №12 ба ҳавзаи раъйпурсии Сангвор №12,  ҳавзаи раъйпурсии Қайроққум №29 ба ҳавзаи раъйпурсии Гулистон №29, ҳавзаи раъйпурсии Чкалов №33 ба ҳавзаи раъйпурсии Бӯстон №33, ҳавзаи раъйпурсии Ғончӣ №37 ба ҳавзаи раъйпурсии Деваштич №37, ҳавзаи раъйпурсии Ҷалолиддин Румӣ №57 ба ҳавзаи раъйпурсии Ҷалолиддин  Балхӣ №57, ҳавзаи раъйпурсии Қумсангир №58 ба ҳавзаи раъйпурсии Ҷайҳун №58,  ҳавзаи раъйпурсии Ҷиликул №66 ба ҳавзаи раъйпурсии Дӯстӣ №66, ҳавзаи раъйпурсии Шуробод №68 ба ҳавзаи раъйпурсии Шамсиддин Шоҳин №68 иваз карда шуд.

Инчунин Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар хориҷи кишвар кору фаъолият доранд, ба раъйпурсии умумихалқӣ мувофиқи талаботи моддаҳои 14 ва 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷиҳати ташкили участкаҳои раъйпурсӣ дар назди намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар қарор қабул намуд.

Бояд қайд намуд, ки мувофиқи қарори мазкури Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар 29 давлати ҷаҳон дар назди сафоратхонаҳо ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 36 участкаи раъйпурсӣ ташкил карда шуд.  Участкаҳои раъйпурсӣ, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардиданд, ба ҳавзаи раъйпурсии Шоҳмансур №3 тибқи рақамҳои аз 41 то 76 мансубанд ва комиссияҳои участкавии раъйпурсии мазкур натиҷаҳои овоздиҳиро доир ба раъйпурсӣ ба комиссияи ҳавзавии раъйпурсии Шоҳмансур №3 пешниҳод менамоянд.

Дар ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ инчунин як зумра масъалаҳои муҳими давраи омодагӣ ба баргузории раъйпурсии умумихалқӣ баррасӣ гардид.

 

 

 

Март 11, 2016 17:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд