Беҳтарин вилоятро шоҳҷоиза интизор аст
Душанбе, 12.03.2016.(АМИТ «Ховар»).- Ба ифтихори ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон /ВМКБ/, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад.
Ҳадафи мусобиқаи ҷумҳуриявӣ амалӣ намудани дастури Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешавад. Мусобиқа дар ҳудуди кишвар бо мақсади вусъат бахшидани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, мусоидат ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар ВМКБ, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳраку деҳот, деҳаҳо, маҳаллаҳо, ташвиқу тарғиб ва дастрас намудани таҷрибаи пешқадам, инчунин гиромидошти арзишҳои ваҳдат ва худшиносии миллӣ, тарғиб ва оммавӣ намудани суннатҳои миллӣ гузаронида мешавад.
Мусобиқа дар давоми моҳҳои март- август дар чор марҳила гузаронида мешавад. Марҳилаи чорум ё худ ниҳоии мусобиқа дар пойтахти кишвар -шаҳри Душанбе дар арафаи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардида, Сарвари давлат ба ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ мукофот месупорад.
Бояд тазаккур дод, ки барои ҷойи беҳтарин мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ ва вилояти беҳтарин, шаҳодатнома, Шоҳҷоиза бо навиштаҷоти «Ғолиби ҷои беҳтарини мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз металлҳо ва сангҳои қиматбаҳои Тоҷикистон сохта шуда, бо зарҳал ҳаккокӣ мегардад ва ду мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 50 ҳазор сомонӣ супорид мешавад.
Ҳамзамон барои шаҳру ноҳияҳое, ки ҷойи беҳтаринро ишғол менамоянд, шаҳодатнома, нишони хотиравӣ ва ду мукофотпулӣ дар ҳаҷми 30 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад.
Барои шаҳраку деҳае, ки ҷойи беҳтаринро ишғол менамоянд, шаҳодатнома, нишони хотиравӣ ва ду мукофоти пулӣ иборат аз 20 ҳазор сомонӣ эҳдо мешавад.
Инчунин маҳалла ва ё деҳоте, ки ҷойи беҳтаринро сазовор мегарданд, бо шаҳодатнома, нишони хотиравӣ ва ду мукофоти пулӣ иборат аз 10 ҳазор сомонӣ ва ба хонаи намунавӣ ва оилаи намунавие, ки беҳтарин ҷой насибашон мегарданд, шаҳодатнома ва ду мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 8 ҳазор сомонӣ супорида мешавад.
Барои мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, шаҳру ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳалла, хона ва оилаи намунавӣ ҷойҳои 1,2 ва 3 пешбинӣ гардидаанд, ки ба онҳо дипломи дараҷаи якум, дуюм ва сеюм тақдим мегардад.
Бояд тазаккур дод, ки барои дар сатҳи баланд гузаронидани ин чорабинии ҷумҳуриявӣ таҳти роҳбарии муовини сарвазири кишвар Азим Иброҳим Кумитаи тадорукот созмон дода шудааст.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






