Белгия ба мавқеи ДИ зарбаҳои ҳавоӣ хоҳад зад
Душанбе, 25.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Белгия тасмимашро барои задани зарбаҳои ҳавоӣ ба гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» дар ҳайати эътилофи байналмилалӣ таҳти роҳбарии ИМА тасдиқ мекунад, — эълом дошт сарвазири ин кишвар Шарл Мишел. Дар ин бора РИА Новости хабар медиҳад.
«Шумо ҳамчунин медонед, ки дар доираи созишнома бо Ҳолланд, мо вазифаи ҳавопаймоҳои F16-ҳамонро аз сар гирифта, дар парлумон ва ҳукумат ба муҳокима мегузорем, то ки имконпазир будани тавсеаи ваколати F16-ҳоро ҳал намоем», — гуфт Шарл Мишел зимни нишасти матбуотии муштарак бо Котиби давлатии ИМА Ҷон Керри.
Ба гуфтаи ӯ, бояд донист, ки Белгия дар якҷоягӣ бо ИМА дар доираи эътилофи байналмилалӣ, ки бо ДИ мубориза мебарад, чӣ нақши муфид мебозад.
Дар навбати худ Ҷон Керри изҳор дошт, ки ИМА бо Белгия ҳамкории қавиро идома дода, дар нобудсозии ДИ ба муваффақият ноил шуда истодаанд.
Аввали моҳи март ВАО хабар доданд, ки Вашингтон оид ба иштироки ҳавопаймоҳои қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии Шоҳигарӣ дар амалиёти ҳарбӣ-ҳавоӣ дар Сурия расман ба Белгия муроҷиат кардааст. Қаблан хавопаймоҳои Белгия дар амалиёти эътилофи байналмилалӣ дар Ироқ иштирок доштанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






