Бозиҳои варзишӣ байни ҷавонон дар Шаҳритус
Душанбе, 23.03.2015. (АМИТ «Ховар»). —Имрӯз Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ А. Абдуллозода ва муовини Раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода аз намоишгохи наврӯзии ҷавонони ноҳия ва ҷамоати шаҳраки Шаҳритус дидан намуданд. Бояд гуфт, ки ба муносибати Наврӯзи ҳуҷастапай дар ин ноҳия мусобиқаҳои варзишӣ байни ҷавонони ноҳия, аз қабили гуштингирӣ, валейбол, шохмот, тенниси рӯи миз ва ғайра ташкил ва гузаронида шуд.
Аз ҷониби М.Хидирзода ба маъюбони ноҳия кумаки молиявӣ расонида шуд.
Инчунин меҳмонон аз мавзеъҳои Чилучорчашма, Хоҷамашҳад, Хоҷадурбон ва Хоҷағоиб дидан намуданд.








АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон хаво 24 дараҷа гарм мешавад
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид






