Дар Раёсати АНМН семинари таҳлилгарон оғоз гардид

Март 15, 2016 17:37

Душанбе, 15.03.2016. (АМИТ «Ховар»).-Аз тарафи шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Раёсати агентӣ дар вилояти Суғд дар доираи нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» аз 14-уми март семинари омӯзишӣ оғоз шуд, ки то 18 марти соли равон идома хоҳад ёфт.
Ба семинари мазкур намояндагони раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаҳои Раёсати агентӣ дар минтақаи Зарафшон ва шаҳри Исфараи вилояти Суғд даъват шудаанд.
Дар ифтитоҳи семинар сардори раёсати агентӣ дар вилояти Суғд М. Ҳотамӣ омодагии ҳамаҷонибаи раёсати агентиро барои ҳамоҳанг сохтани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии вилоят бобати муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва пешгирии нашъамандӣ изҳор дошта, гузаронидани ин гуна семинарҳои омӯзиширо дар баланд бардоштани савияи дониши касбии иштирокдорон муҳим арзёбӣ намуд.
Тавре ки иштирокдорони семинар иброз доштанд, мақсади он расонидани ёрии амалӣ ба масъулин оид ба омода кардани ҳисобот ва табодули маълумот байни мақомот доир ба мусодираи маводи мухаддир аз муомилоти ғайриқонунӣ мебошад.

Март 15, 2016 17:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд