Дастаи шаҳри Хуҷанд дар даври ҷумҳуриявии мусобиқаи дастхобонӣ иштирок менамояд

Март 17, 2016 09:39

Хуҷанд, 17.03.2016. (АМИТ «Ховар»).- Бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар толори варзишии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд чемпионати вилоятии дастхобонӣ доир гардид, ки дар он 9 даста ва зиёда аз 150 варзишгар аз шаҳру навоҳии вилоят иштирок намуданд.
Дар мусобиқа дастаи шаҳри Хуҷанд ғолибиятро ба даст оварда, ҷойи аввали мусобиқаро ишғол намуд. Дастаи шаҳри Гулистон ба гирифтани ҷойи дуюм ва дастаи ноҳияи Ашт ба гирифтани ҷойи сеюм мушарраф гардиданд. Ғолибони мусобиқа бо ҷоизаҳо қадрдонӣ шуда, роҳхат ба даври ҷумҳуриявии мусобиқаро ба даст оварданд.
-Мақсади мусобиқа муайян намудани беҳтарин варзишгарон ва дастаи беҳтарини вилоят дар мусобиқаи дастхобонӣ аст,- гуфт Зорик Комилов, сардовари мусобиқа.

Март 17, 2016 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад