Дилором: «Модар будан ҳам ифтихор аст ва ҳам масъулият»

Март 7, 2016 11:56

Душанбе, 07.03.2016 (АМИТ «Ховар»).Зан-модари тоҷик бо рӯҳи озоду иродаи қавӣ, афкори наҷибу одоби ҳамида, муҳаббату садоқати бепоён ва рисолати офарандагиву тарбиятгарӣ ҳамеша мавриди васфу ситоиш қарор дорад.

           Дар замони соҳибистиқлолии Ватан бо шарофати сиёсати созандаи роҳбарияти мамлакат занону модарони тоҷик ҳамсафу ҳамқадами замон буда, рисолати модариву қарзи шаҳрвандии худро дар густаришу такмил додани арзишҳои наҷибу волои инсонӣ, бахусус дар рӯҳияи баланди ватанпарастӣ тарбия намудани фарзандон, талқини андеша ва ҳувияти миллӣ, таҳкими худогоҳиву худшиносӣ ва ватандориву ватандӯстӣ бо камоли масъулият адо менамоянд ва сазовори эҳтироми аҳли ҷомеа гардидаанд.

         Дар арафаи ҷашни Рӯзи модар АМИТ «Ховар» тасмим гирифт, ки ба занону духтарони касбу кори гуногун бо чанд савол муроҷиат намуда, андешаҳои онҳоро пешкаши хонандагон намояд.

       Ин навбат ба саволҳои хабарнигори «Ховар»  Дилором Табарова- сардори шуъбаи  протокол ва коргузории Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон посух гуфт:

             Пешвои миллат аз ҳуқуқи бонувон дифоъ мекунад

        «Ховар»: Бону Дилором,  то ҷое мусаллам аст, сиришти занону модарони рӯи олам аз покиву зебоӣ офарида шудааст. Шумо рисолати зан-модари тоҷикро дар замони муосир чӣ тавр шарҳ медиҳед?

Дилором: Мо занону модарони тоҷик аз он хушбахт ҳастем, ки  имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳуқуқи занони кишвар  дифоъ мекунад. То ҷое мусаллам аст, бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа барномаҳои махсуси давлатӣ қабул  шудаанд, ки он шаҳодати  ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумат ва роҳбарияти олии кишварамонанд. Мо занон ифтихор аз он менамоем, ки дар давлати ҳуқуқбунёду дунявӣ зери осмони соф зиндагии хушу осоишта дорем.

Дар марҳилаи ҷаҳонишавӣ, ихтилофот ва гуногунии андешаҳо зан- модар нақши муҳимро бар дӯш дорад, зеро солимии ҷомеа аз солимӣ ва осудагии оила ва фарзандон сарчашма мегирад. Агар волидайн, махсусан модар дар оила бепарвоӣ зоҳир нанамоянд, метавонад фарзандонро чун инсонҳои неку фарзона  тарбият намуда, ба камол расонанд, онҳоро аз падидаҳои номатлуби замони муосир ба мисли гаравидан ба ҷараёнҳои гуногуни ифротӣ, ки солҳои охир на танҳо аҳли ҷомеаи моро,  балки сайёраро ба ташвиш овардааст, эмин доранд.

              Модар будан ҳам ифтихор аст ва ҳам масъулият

        «Ховар»: Ба назари  Шумо оё  мақоми имрӯзаи зан-модари тоҷик барои тарбияти фарзандон, ҳидояти наврасону ҷавонон ба роҳи нек, нигоҳдории оила мусоидат мекунад?

Дилором: Албатта, модар будан ҳам ифтихор аст ва ҳам масъулият. Мақоми имрӯзаи зан-модари тоҷик дар кишвар ба сатҳе бардошта шудааст, ки дар таърих назир надорад. Ин арҷгузорӣ, қабл аз ҳама, масъулияти мо- занону модаронро меафзояд, то насли наврасро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, содиқ будан ба марзу бум, поквиҷдонию ҳулқу атвори наку,  масъулиятшиносӣ ва инсонҳои нек тарбият намоем. Фарзандони мо, модарони тоҷик чун шахсоне ба камол расанд, ки ҳамеша эҳтироми падару модарро баҷо оварда, ҳисси баланди миллӣ дошта, дар фикри ободию шукуфоии сарзамини офтобии худ- Тоҷикистони азиз бошанд.

                Мақоми зан дар ҷомеа хеле баланд гардидааст

     «Ховар»: Ба андешаи Шумо дар кадоме аз ин ин давраҳо занону модарон мақоми болотару беҳтар доштанд: пеш аз асри ХХ, даврони шӯравӣ ва ё замони соҳибистиқлолӣ? ё ба ибораи дигар зан-модар будан, мушкилтар шудаст ва ё бараъкс?

Дилором: Албатта, дар замони  шӯравӣ  ба мақоми занон диққат дода мешуд, қаҳрамонмодаронро махсус дастгирӣ мекарданд. Бахусус модари ман ҳам бо унвони қаҳрамонмодар мушарраф гашта буд. Аммо фикр мекунам, ки дар замони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳ ва ғамхории давлат ва ҳукумат ба мо бештар аст. Бо кӯшишҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми зан дар ҷомеаи имрӯза хеле баланд бардошта шуд.

Ба пиндори ман зан-модар будан дар ин давра мушкилтар шудааст. Ман ташвишҳои зиндагиро дар назар надорам, ки воқеан кам нестанд. Сухан аз тарбияи дурусти фарзандон меравад, ки имрӯз пурра ба дӯши модарон мебошад. Зиндагии кунунӣ аз ҷиҳати рушди бахши телекоммуникатсия ва технология ба дараҷае пеш рафтааст, ки тавассути ин воситаҳои муосири техникӣ иттилооти зиёд ва гуногун ба аҳли ҷомеа таҳмил  мешаванд. Онҳоро дуруст қабул, дарк кардан, сиёҳро аз сафед фарқ намудан  на ба ҳар наврас даст медиҳад. Аз ин хотир, мо бояд фарзандонро дар рӯҳияи завқи дурусту солим тарбия ва ба камол расонем, то дар оянда парчамбардори миллати соҳибтамаддунамон  гарданд.

   Ифтихор дорам, ки дар оилаи серфарзанд ба камол             

                             расидаам  

        «Ховар»:  Дилором, кадом лаҳзаи ҳаёт аз зан буданатон бештар аз дигар рӯзҳо ифтихор кардед?

Дилором: Қабл аз ҳама, ман дар ҳаёт аз падару модарам ифтихор дорам, ки даҳ фарзандро ба камол расонида, соҳиби маълумоти олӣ намуданд. Падарам ба ҳайси муаллими забону адабиёт дар мактаб дарс мегуфт ва модарам хонанишин буда, маълумоти кофӣ надошт. Бо вуҷуди ин модарам дорои ҷаҳонбинии васеъ буд, рӯзномаву маҷаллаҳоро мутолиа мекард ва ба мо фарзандон ҳидоят менамуд, ки  соҳиби маълумоти олӣ гардида, дар зиндагӣ росткору ростқавл ва поквиҷдону бомасъулият бошем. Умедворам, ки рӯзе  фаро мерасад, ки ман ҳам аз фарзандони худ ифтихор намоям.

Рисолати азалии зан модари ғамхору тарбиятгар аст

      «Ховар»: Тавофут миёни занону духтарони маълумоти олидошта ва бемаълумот, фарқи миёни занони хонашин ва коргар аз нигоҳи Шумо?

Дилором: Ба андешаи ман агар зан хоҳ хонашин бошад, хоҳ коргар, пеш аз ҳама, зан аст. Агар зан дар оила тарбияи дуруст гирифта бошад, новобаста аз соҳиби маълумоти олӣ будан ва ё набуданаш метавонад дар рӯзгори оилавӣ маслиҳатгари шавҳар, кадбону ва тарбиятгари хуби фарзандон бошад.

Дар шароити имрӯза барои  қавитар гардонидани пойдевори оила ва созишу муросо намудан ба шебу фарози оилавӣ бомаърифату соҳибмаълумот будани зан нақши муҳимро мебозад.

Соҳибмаълумот будани зан ба ӯ имконият медиҳад, ки дар мушкилиҳои зиндагӣ ҳуқуқҳои худро ҳимоя намояд.

      Ҳар як модар хушбахтии фарзандонро орзу мекунад

   «Ховар»: Мегӯянд фазои хонаро зан месозад, дар оилаатон фазои орому таскинбахшро Шумо  чӣ тавр таъмин мекунед?

Дилором: Албатта, зиндагӣ пастиву баландиҳое зиёде дорад. Рӯзгори ман низ аз ин истисно нест. Бо вуҷуди ин ман, пеш аз ҳама, ба он кӯшиш менамоям, ки миёни мову фарзандон рӯҳияи эҳтирому бовар ва дастгирӣ побарҷо бошад, ки калиди ҳама мушкилоти дохили ҳар оила аст. Баъдан мекӯшам, ки онҳо ҳамаҷиҳата таъмин бошанд, дар шароити мусоид ба воя расанд. Ҳар падару модар хушбахтии фарзандонашро мехоҳад. Ягона орзуи ман низ ҳамин аст.

         Зан-модар бузургтарин неъмати Офаридгор аст

        «Ховар» Дилором ба бонувони тоҷик чӣ таманно дорад?

Дилором: Қаблан ҳамчун модар ба бонувони тоҷик саломатӣ, осмони соф,  хушбахтии фарзандон, хонаи обод ва ояндаи неку дурахшонро таманно намуда, хоҳони онам, ки болои сари зан- модари тоҷик ҳамеша хуршеди бахт нурафшонӣ намояд. Бонувону модарони мо ба мисли гулҳои баҳорӣ сарсабзу ботароват ва зебову болатофат бошанд, зеро зан –модар ва фасли хуррами баҳор бо ҳамдигар тавъаманд. Ва дар ин рӯзҳои нахустини фасли зебои сол –баҳор таҷлили ҷашни модарон худ пайғомест аз бузургӣ, зебоиву малоҳат ва назокати бонувон- бузургтарин неъмати Офаридгор.

      Инд муборак модарони азиз!

     Ташаккур  Дилором барои суҳбати самимӣ

          

  Суҳбаторо Марзия Саидзода, хабарнигори  «Ховар».

 

 

Март 7, 2016 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШҶӮЁН. Ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон таҳсили намунавӣ менамоянд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Имсол Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон раёсати Шурои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказиро ба уҳда дорад
«ХОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ҳадафи озмун аз густариши эҳтиром нисбат ба арзишҳо, суннат ва адабу русуми миллӣ иборат аст
Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон: «Робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ густаришу равнақи бештар меёбанд»
Зебо Баротова: «Мехоҳам бо маблағи гранти президентӣ ба занони бешуғл ҳунар омӯзонаму онҳоро ба кор ҷалб намоям»
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар ҷаҳони муосир мавриди омӯзиши васеъ қарор дорад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Агар волидон то 3 моҳ барои кӯдак шаҳодатномаи таваллуд нагиранд, ҷарима пардохт менамоянд
Сафири Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер: «Давоми панҷ соли охир Тоҷикистон дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ устуворӣ ва азми пойдор нишон дод»
Хуршед Файзуллозода: «Ҳадафи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вусъат бахшидани раванди амалӣ намудани «ҳукумати электронӣ» аст»
Мавзуна Чориева: «Аз варзишгарони тоҷик умеди зиёд дорем, ки дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд»
ТОҶИКИСТОНУ ЧИН ШАРИКОНИ ҲАМАҶОНИБАИ СТРАТЕГӢ МЕБОШАНД. Нашри мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ВАО-и расмии Чин