ДСХ: Танзими ҳуқуқии фаъолияти шаҳрвандон асоси пешрафти ғояҳои ватандустӣ
Душанбе, 23.03.2015. (АМИТ «Ховар»). —Мизи мудаввар дар мавзўи «Танзими ҳуқуқии фаъолияти шаҳрвандон асоси пешрафти ғояҳои ватандустӣ» дар кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва гумруки Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар семинар беш аз 20 мутахассис, олимон, устодон унвонҷўёну магистрҳо ва донишҷўён иштирок намуда, вазъи кунунии фаъолияти шаҳрвандон, пешгирӣ намудани ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, баланд бардоштани дониши ҳуқуқии шаҳрвандон, ҷалби ҷавонон ба созандагӣ, ватандустӣ, маърифати ватандорӣ ва эҳтироми арзишҳои миллиро баррасӣ намуданд.
Дар кори мизи мудаввар аз ҷониби устодон ва иштирокчиён оид ба ҷорӣ намудани фанҳои ”Ҳуқуқи гражданӣ” ва “Ҳуқуқи соҳибкорӣ” дар нақшаи таълимии донишкада, дар дарсҳои тарбиявӣ баррасӣ намудани мавзуъҳои ватандўсти ва маърифати баланди ҳуқуқӣ, мустаҳкам намудани чораҳо нисбати киберҷиноятҳо, ҷалби ҷавонон ба бунёди созандагиву бунёдкорӣ пешниҳод гардид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






