Ду медали паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии самбо

Март 28, 2016 10:11

Душанбе, 28.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии самбо дар Маскав ду медали биринҷӣ ба даст оварданд. Мусобиқаи байналмилалӣ ба «Ёдбуди Анатолий Харлампиев», поягузори гӯштини самбо, ки Ҷоми ҷаҳонӣ ҳисоб меёбад, шаби 26-уми март дар шаҳри Маскав ба анҷом расид. Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи пурнуфузтарини самбо чаҳор варзишгар намояндагӣ кард. Ду гӯштингири тоҷик -Хушқадам Хусравов дар вазни зери 62 кило ва Аҳтам Ҳусейнов дар вазни беш аз 100 кило ҷойҳои севумро касб карда, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд. Вале ду нафари дигар- Зафар Олимшоев дар вазни зери 82 кило ва Раҳимардон Раҳимов дар вазни зери 90 кило ноком шуда, аз медалҳо бенасиб монданд. Дар ин бора ба хабарнигорон довари дараҷаи байналмилалӣ Маҳмуди Абдуллоҳ, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон аз шаҳри Маскав хабар дод. Вай гуфт, ки дар ин мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ беш аз 160 варзишгар аз 26 кишвари қораҳои Аврупо, Амрико, Африқо ва Осиё ширкат карданд. Мусобиқа дар 9 вазн миёни мардону занон дар риштаи самбои варзишӣ ва байни мардон дар намуди самбои размӣ баргузор шуд.
Бояд тазаккур дод, ки мусобиқаи байналмилалии «Ёдбуди Анатолий Харлампиев», ки аз соли 1980 гузаронида мешавад, аз соли 2009 яке аз даврҳои муҳимтарини Ҷоми ҷаҳон, Суперҷом ё Ҷоми олии ҷаҳонии самбо ба шумор мерафт. Сар аз соли 2015 ин мусобиқа расман ягона Ҷоми ҷаҳонии самбо маҳсуб мешавад. Ёдовар мешавем, Хушқадам Хусравов соли гузашта дар Ҷоми ҷаҳонии самбо, ки ба ёдбуди Харлампиев дар Маскав баргузор шуд, дар вазни зери 62 кило бар ҳамаи рақибонаш пирӯз шуда, соҳиби медали тилло гардида буд.
Бояд гуфт, ки баъд аз пирӯзии ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимов дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон моҳи сентябри соли 1975 дар шаҳри Мински Беларус дар муддати беш аз 40 сол ягон намояндаи дигари Тоҷикистон ба унвони қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбои варзишӣ мушарраф нашудааст.

Март 28, 2016 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад