Ду вохӯрӣ дар гурӯҳи “Б”

Март 4, 2016 09:23

Душанбе, 4.03.2016 (АМИТ «Ховар»).-Дар варзишгоҳи марказии пойтахт бозиҳо дар гурӯҳи Б””-и мусобиқот барои Ҷоми ФФТ шоми дирӯз ба поён расиданд. Дар дидори аввал “Хайр”-и Ваҳдат бар “Помир” бо натиҷаи 4 бар 1 ба бартарӣ расид. Мӯҳсин Парпиев дар ин бозӣ муаллифи ду гол шуд. Агар нимаи аввал бо натиҷаи 2 бар 0 ба нафъи “Хайр” ба поён расида бошад, футболбозони ҷавони “Помир” баъди ба иҷро расонидани зарбаи ҷазо аз масофаи 11 метр бо зарбаи Орзу Додхудоев интригаро дар бозӣ ба вуҷуд оварданд, аммо ду голи бозингарони нави “Хайр” Одил Бобоназаров ва Мисиам Иносент “Помир”-ро ба шикаст рӯ ба рӯ кард.
Ёдрас мешавем, ки “Хайр”- и Ваҳдат дар ҳамаи бозиҳои финалии Ҷоми ФФТ иштирок карда, то ҳол ягон маротиба соҳиби Ҷом нашудааст.
Дар бозии дуввуми гурӯҳи “Б” беҳтарин дастаҳои минтақаи Душанбе ва Хатлон, “Регар ТадАЗ” ва “Вахш” бо масофи ҳам рафтанд. Дар натиҷа вохӯрӣ бо натиҷаи мусовии 0 бар 0 ҷамъбаст шуд.

Март 4, 2016 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд