Э. Раҳмон: Наврӯз мероси таърихӣ ба шумор меравад, зеро аз гузаштагони дурамон ба ёдгор мондааст
Душанбе, 21.03.2016. (АМИТ «Ховар»). «Бо як ҷаҳон фараҳу шодмонӣ кулли мардуми кишвар, аз ҷумла сокинони пойтахти мамлакат ва меҳмонони гиромиро ба муносибати ҷашни фархундаи Наврӯзи ҷаҳонӣ, ҷашни эҳёи табиат, ибтидои пешомадҳои нав, оғози ниятҳои баҳорӣ ва нақшаву тадбирҳои тоза табрик гуфта, дар Соли нав барои сокинони пойтахт, мардуми Тоҷикистон ва тамоми аҳолии сайёра соли неку бобарор орзу менамоям»,- чунин иброз намуд Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба ифтихори ҷашни Наврӯз имрӯз дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе.
Ба таъкиди Сарвари давлат дар фарҳанги мардуми мо ҷашни фархундаи Наврӯз ниҳоят азизу арҷманд буда, махсусан бо шарофати соҳибистиқлолӣ ба таври оммавӣ- бо иштироки хурду бузурги кишвар таҷлил мегардад.
Пешвои миллат ёдрас намуд, ки ин ҷашни умумимиллӣ барои мардуми тоҷик мероси таърихӣ ба шумор меравад, зеро он аз гузаштагони дурамон ба ёдгор мондааст. Боиси ифтихор аст, ки дар поку беолоиш ва бегазанд ба насли имрӯз расонидани ин суннати бисёр гиромии таърихӣ саҳми фарзандони фарзонаи миллати тоҷик беназир мебошад.








«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Масъалаи зиёд намудани сармоягузорӣ ба татбиқи Неругоҳи барқи обии «Роғун» баррасӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави якчанд давлат эътимоднома қабул намуданд
ЭЪЛОН! Бақайдгирии намояндагони воситаҳои ахбори омма барои инъикоси Конфронси сеюми оби Душанбе оғоз шуд






