Эдриан Макдейд: Иқтидоре, ки Ирландия ва Тоҷикистон доранд, ба таври комил истифода нашудааст
Душанбе, 12.03.2016. (АМИТ «Ховар»). -«Байни кишварҳои Ирландия ва Тоҷикистон муносибатҳои нек ва ҳасана вуҷуд доранд, аммо то кунун иқтидоре, ки ҳарду кишвар доранд, ба таври комил мавриди истифода қарор нагирифтааст»,-чунин таъкид намуд Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ирландия Эдриан Макдейд баъди супоридани эътимоднома ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди намояндагони ВАО.
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ирландия Эдриан Макдейд ваъда дод, ки бо оғози фаъолияташ аз тамоми имконоти мавҷуда барои бештар тақвият бахшидани муносибатҳои минбаъдаи ҳамкории густурда байни ҳар ду кишвар тамоми кӯшишҳоро ба харҷ хоҳад дод.








Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо мудири иҷроияи AFoCO мулоқот намуд
Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба роҳбарият ва мардуми Эрон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар соҳаи фарҳанг ва санъат густариш меёбад
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт мулоқот намуд
Дар Душанбе масъалаи рушди муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд
«Сомон Эйр» барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад






