Эълони «Соли рушди неруи зеҳнӣ» дар вилояти Хатлон
Душанбе, 11.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Тибқи қарори Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон аз 4 марти соли равон соли 2016 ро дар вилоят «Соли рушди неруи зеҳнӣ» эълон намудаанд. Ҳадаф аз тасвиби ин қарор мусоидат ба таҳким ва рушди неруи зеҳнии ҷомеа, таъмини пешрафти соҳаҳои илму маориф, дарёфти истеъдодҳои ҷавон, тарғиби васеи илму маърифат ва ҷаҳонбинии дунявӣ, тафаккури техникӣ ва дастовардҳои нави илмӣ мебошад.
Барои иҷрои ин қарор нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар вилояти Хатлон тасдиқ гардида, барои татбиқи он раёсати маорифи вилоят, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёна ва ибтидоии касбӣ, раисони шаҳру навоҳӣ ва ташкилоту муассисаҳои дахлдори вилоятӣ масъул дониста шуданд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






