Эмомалӣ Раҳмон: “Наврӯз хусусияти сирф фарҳангӣ дорад”

Март 20, 2016 10:27

Душанбе, 20.03.2016. (АМИТ “Ховар”). – “Наврӯз хусусияти сирф фарҳангӣ ва инсониву мардумӣ дорад ва ҳеҷ зарурате ба сиёсӣ кардан надорад”, — Ин нуктаро имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз ва мулоқот бо зиёиёни мамлакат, ки дар Кохи Борбад доир шуд, иброз дошт.

“Бовар дорам, ки ҳамоиши байналмилалии кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, ки имрӯз бо иштироки аҳли зиёи мамлакат ва шумо, меҳмонони олиқадр,  доир шуда истодааст, барои баланд рафтани мақоми Наврӯзи ҷаҳонӣ мусоидат карда, ҳамкориҳои адабиву ҳунариро боз ҳам таҳким мебахшад”, — таззакур дод Эмомалӣ Раҳмон.

Сарвари давлат илова намуд, ки Наврӯзи ҷаҳонӣ мисли адабиёту фарҳанг хусусият ва сиришти инсонгароёна дошта, ба кас нерӯву шодмонӣ, хушиву хушбахтӣ мебахшад.

Март 20, 2016 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сармоягузорону соҳибкорони кишвар мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони мамлакат
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди терминали нави байналмилалӣ дар фурудгоҳи Душанбе санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбат намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Фестивали таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва намоиши маҳсулоти саноатию кишоварзии давлатҳои ИДМ дар Туркманистон боздид намуданд